ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9257]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5785]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4951]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4272]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4235]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 61053
Нест бод ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро

Нест бод ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро Поку беолоиш нигоҳ доштани фарҳангҳои суннатӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Нигоҳдории фарҳанги ноби як миллат ба осонӣ ба даст намеояд. Тавре бузургони миллати тоҷик фарҳанг ва таммаддуни тоҷикиро бо масъулияти тамом тӯли давраҳои сангини таърихӣ бо баҳои хуну ҷон аз вартаи оташ то имрӯз раҳонидааст, ки боиси ифтихормандист. Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо нисбати кишвару давлати мо ҷанги иттилоотӣ аз давлатҳои абарқудрат ва хоинони миллат оғоз шудааст. Онҳо дар шабакаҳои иттилоотӣ пешравиҳое, ки дар ватанамон шуда истодааст ночиз дониста ба ҳар роҳу восита мехоҳанд иғво бархезонанд. Аммо асолати онҳо дар асоси афкори харобиовари гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротию террористӣ бунёд ёфтаанд. Чунин ашхос ҳоло ҳам сухан аз сулҳ, субот ва некӯаҳволии омма мезананд, аммо агар ба аъмоқи таърихашон назар афканем, инҳо афсонаҳои асотириро ба ёди мо меоранд, ки дар гузашта қувваи торикии аҳриманӣ гуфта мешуданд. Ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии ТЭТ ҲНИ, ки пӯсти Паймони миллӣ бар сар мекашад, нифоқандозӣ дар миёни миллате, ки ба сохти истиқлолияти ҳудудӣ ва маънавии худро касб кардааст, дар ҳоли роҳандозӣ кардан ҳаст. Натиҷаи раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвоямон аст, ки мо ба чунин дараҷаи тараққиёт, ободӣ расидем. Садри муаззами кишвар дар Паёми худ эълон доштанд, ки мо татбиқи ҳадафи чорумамонро оғоз менамоем ва тез ба он муваффақ мешавем. Ин табдил додани Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ мебошад. Бинобар ҳамин дар солҳои наздик мо ба ин ҳадаф мерасем. Мо имрӯз дар осоиштагӣ, озодӣ фаъолият мекунему умр ба сар мебарем ва аз Худованд орзу дорем, ки ин ҳама то абад дар кишвари азизамон ҳукмфармо бошад. Аз ин лиҳоз мо бовари дорам, ки мардуми шарафманди миллати тоҷик ҳеҷ вақт бо сафсатаҳои хоинони миллат гуш намеандозанд, чунки аз дасти чунин хиёнаткорон рўзҳои сахту сангинро сарсону саргардониҳо ва нооромиҳорои зиёдро аз сар гузаронидаанду дигар чунин рўзҳои бадро намехоҳанд. Корманди МИҲД- ноҳияи Восеъ Ализода Ё.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-07-2023, 11:57:59 | Диданд: 177