ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9252]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5785]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4951]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4268]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4235]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61019
ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ.

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои муҳрами аҳли ҷомеаи башар буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби мутахассисони гуногун мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Дар замонҳои нав ва навтарин терроризм хусусиятҳои иртиҷоиро пайдо намудааст. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезананд. Террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ, ва ғайраҳо гардидаанд. Терроризм махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф нест. Сари ин масъала ҳамарӯза Ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст. Ҷиҳати пешгири намуданӣ ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ қабул карда шудааст. Дар шарои кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватан парвар, милатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки дини мубини исломро бо терроризм нисбат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунонд, худдори намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва як порчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлатии миллии тоҷикон таввасур кардан ғайри имкон аст. Сокини ноҳияи Восеъ: Маҳмадзода Ш.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-07-2023, 17:10:49 | Диданд: 173