МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЭКСТРЕМИЗМ – ВАБОИ АСР.

ЭКСТРЕМИЗМ – ВАБОИ АСР.

ЭКСТРЕМИЗМ – ВАБОИ АСР. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки доғи рӯз мебошад чунин иброз менамояд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”. Экстремизм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обурӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид карданд дар муносибатҳои дипламатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Имрӯз ва дар оянда низ экстремизм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Дар робитаи ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштан, ки “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Дар шароит кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватан парвар, милатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки дини мубини исломро бо терроризм нисбат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунонд, худдори намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва як порчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлатии миллии тоҷикон таввасур кардан ғайри имкон аст. Сокини ноҳияи Восеъ. Ализода Ё.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-07-2023, 17:12:35 | Диданд: 188