МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ест бод ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ!

ест бод ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ!

ест бод ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ! Мо насли ҷавон ҳарчанд амалҳои бадхоҳонаи ин ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта надида бошем ҳам аз суханони пардарони худ шунидаем, ки асосои саршавии ҷанги хонумонсузи бародаркӯшӣ ҳамин ҳизби будааст. Ин ҳизб аз аввал ҳизби хунхор будаасту ба манфиати хоҷагони худ кор мекардааст ва ҳоло низ ин амалҳои бадхоҳонаи худро бо истифота аз дини мубини ислом ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ идомадода истодааст. Вале дигар ин ҳизби бадхоҳ ва хоин ба мақсади нопоки худ намерасад. Зеро ин миллати шарафманди тоҷик дигар бора ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои бади солҳои 90-умро дидан намехоҳад. Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукургузори намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арасаи ҷаҳони паст намоянд мо низ намегузорем ба ороми кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халале ворид шавад. Бояд донист, ки хиёнаткори ба тамоми миллату халқиятҳо бадбахти меорад, зеро, ки аз дасти шахси хиёнаткор фарзандони шуҷои Ватан ҷони худро аз даст додаанд ва медиҳанд. Хиёнаткорон бояд донанд, ки фарзандони ҷасуру шуҷои Ватани азизамон Тоҷикситон ҳамеша баҳри ҳимояи Ватан - модар ҷони худро дареғ надошта баҳри тинҷию амни ин сарзамин ҳамеша омода мебошанд. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикстони азизамонро зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шуморанд. Зеро, ки хиёнаткорон ба ҳар роҳу усулҳои бардурӯғ мехоҳанд, ки мардумро бар зидди Ватани худ равона созанд. Корманди МИЊД-и ноњияи Восеъ Саторова Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-07-2023, 17:14:51 | Диданд: 190