ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9252]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5785]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4951]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4268]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4235]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 61010
Хоинони миллат ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд.

Хоинони миллат ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд. Бисёр аламовар аст, вақте мешунавем, ки як қисми ҷавонони тоҷик ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони худро дар кишварҳои бегона баҳри манфиатҳои дунёхоҳон беҳуда қурбон месозанд. Кас ҳайрон мешавад, ки ба ин гуна ҷавонон чи намерасад ё инки бадиҳое, ки инҳо ба миллати тоҷик мекунанд барои чи бошад? Охир дар кишварамон барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаас. Имрӯзҳо фаъолияти ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар кишварҳои ғарбӣ худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, бо фиребу найранг аз ин кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ садҳо ҳазор долар кӯмак мегиранд, ки баъзе аз кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ огоҳона ё ноогоҳона терроризм ва экстремизмро маблағгузори мекунанд. Агар пеши роҳи ин ташкилоти террористӣ ва хоҷагони хориҷиашон гирифта нашавад боз бадбахтиҳои зиёдеро бар сари ҷавонони гумроҳу фиребхурда ва миллати тоҷик меорад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки тамоми кушишҳои худро ба харҷ дода таъриху фарҳанги халқу миллати худро донем ва фарзандонамонро барои донистани таъриху фарҳанги худ равона созем. Зеро таърих гувост, ки баъд аз хиёнаткориҳои чунин бадхоҳони миллат ба монанди М.Кабирӣ халқу миллати тоҷик боз ба азобу машақат гирифтор мешаваду халос. Аз ин лиҳоз мо бовари дорам, ки мардуми шарафманди миллати тоҷик ҳеҷ вақт бо сафсатаҳои хоинони миллат гуш намеандозанд, чунки аз дасти чунин хиёнаткорон рўзҳои сахту сангинро сарсону саргардониҳо ва нооромиҳорои зиёдро аз сар гузаронидаанду дигар чунин рўзҳои бадро намехоҳанд. Мардуми сарбаланди тоҷик дар ин фазои тинҷу ором шукр аз даврони Соҳибистиқлолиятии кишвар намуда, зиндагии орому осударо паси сар намуда истодаанд. Ман чун яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ба чунин фарзандоне, ки ба ватани ободи худ хиёнат мекунанд, ободии кишварро, пешравии Ватани азизи худро дида наметавонанд, нафрат дорам. Намехоҳам, ки ҳодисаҳои солҳои 1991-1997 боз аз нав такрор гарданд. Намехоҳам, ки ашки ғам аз чашмони модарон резад, фарзандон ятим гарданд. Лаънат ба хоинони Ватан. Сокино ноҳияи Восеъ: Сатторова Ш.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-08-2023, 16:29:04 | Диданд: 191