МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Нест бод хоинони миллати тоҷик.

Нест бод хоинони миллати тоҷик.

Нест бод хоинони миллати тоҷик. Мо тоҷикем ва тоҷдорем барои ҳамин ин давлати орому зеборо дубора хор нахоҳем кард ва мо аз давлати демократии худ ифтихор мекунем. Хоини милат оне аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад, Муњиддин Кабири барин шахсиятҳо паси пардаи ислом истода ҳаргуна иғво ангези мекунанд. Ҳоло он, ки ислом ба ягон ҳизб тааллуқ надорад. Гуноҳе, ки ин сагони миллат нисбати халқ мекунанд нобахшиданист. Ин шахсиятҳо бо суханҳои дуруғи худ миллати тоҷикро дар назди башар шарманда кардан мехоҳанд. Ин душманони миллати тоҷик аз эътиқоду динни мардум истифода бурда таввасути шабакаҳои иҷтимои мехоҳанд дар минтақа вазъи нооромсохта ба ниятҳои нопоки худ расанд. Аммо ин хоинони миллати тоҷик ба мақсад намерасанд зеро, ки имрӯз аз баракати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони мо тинҷу ором ва рӯз ба рӯз ободу зебо гаштаистодааст. Барои ин мо ҷавонон бояд кушиш кунем то ватани мо боз ҳам обду зебо гардад. Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукургузори намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арасаи ҷаҳони паст намоянд мо низ намегузорем ба ороми кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халале ворид шавад. Имрӯз ягон нақшаи палидонаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз кор намеоянд, зеро халқи тоҷик симои разилонаи ин гуна шахзсонро медонанд ва мешиносанд. Аз гулгулшукуфои Тоҷикистони азиз ҳар як фарзандаш меболад, мефахрад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Маҳмадзода Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-08-2023, 15:24:30 | Диданд: 218