ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9247]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6083]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5784]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4950]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4267]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4251]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4234]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4223]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3887]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 60975
Хоинони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид.

Хоинони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Ман як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оинаи нилгун филми “Хиёнат қисми 5”-ро тамошо карда ба хулосае омадам, ростӣ намехостам доир ба ин мавзӯъ чизе нависам вале, дигар тоқат карда наметавонам. Мо хизматҳои пӯшидаю ошкорои Муҳиддин Кабирӣ-раиси ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломро медонем ва дубора ёдрас намудани онҳоро лозим намедонем. Ҳар касе, ки назди мардум чӣ хизмате, ки карда бошад, имрӯз чун оина рӯшан аст, вале хизмати ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ҳамин аст, ки 150 ҳазор нафар сокинони ин марзу бум дар доираи ақидашӯии наҳзатӣ куштаву беному нишон шуданд. Новобаста аз ҷинояту бедодгариҳо тамоми тарафдорону ҳаводорони наҳзатӣ дар давраи муайян бахшида шуданд, вале тавре таърих собит кард, садорат ва аъзои сарсахти ин ҳизби ифротӣ аз бозиҳои пасипардагӣ канор нарафтанд ва ахиран хостанд даст ба табадуллоти давлатӣ зананд. Ин гурӯҳаку гурӯҳчаҳои наҳзатӣ ҳеҷ гоҳ ба сохтори давлатӣ эътимод надоштанду надоранд ва то рӯзи манъи фаъолияташон ҳамеша дар фикри пайти муносиб буданд. Ҳоло низ бо ақидабозию ақидасозии фанатизми динӣ аз тахрибкорӣ дур нарафтаанд ва ҳамеша дар фикри нооромсозии вазъ дар кишваранд. Инро бояд донист, ки ақли солим ва тафаккури пешрафта ҳамеша ғолиб хоҳад буд ва он қавонини асримиёнагии дастандаркорони наҳзатӣ ҳеҷ гоҳ дар ҷомеаи имрӯза амалӣ намегардад. Ҳаминро бояд донанд, ки бо ин филмҳои ҷангҷӯёнаю беасос ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро мо ҳамагон имрӯзро ба хотири оянда обод мекунем ва сарҷамъ будан зери ливои сулҳу дӯстӣ ва муттаҳидӣ атрофи сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳаки асосии ҳама муваффақиятҳост. Дар ин ҷода ба ҳамагон ҳисси баланди миллию давлатӣ таманно дорем ва умед бар он мебандем, ки мардуми шарифи мамлакат бо дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ барои ояндаи дурахшони мамлакат кӯшишу ғайрат менамоянду ба доми ин хоинони миллат ҳеҷ гоҳ намеафтанд. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Ғаниев И.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-08-2023, 15:27:42 | Диданд: 205