МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон Солҳост, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуда истодааст, ки хоинони наҳзативу Гурӯҳи 24 ва Паймони милли ҳамаашон ҷинояткору қаллобанд ва ҳадаф аз ниқоби мухолифӣ ба сар карданашон танҳо рупуш кардани ҷиноятҳои содирнамудаашон аст. Худро мухолифу «ҷабрдида»-и ҳукумати қонунии Тоҷикистон эълон карда, мухолифини ватанфурӯш ҳадафҳои муғризонаи худро пайгирӣ мекунанд. Умедворам, ки ҷиноятҳои ин ашхоси бадкирдор аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин чашми аҳли оламро кушода, чеҳраи воқеии мухолифини нохалафро ифшо мекунад. Роҳбарону аъзоёни ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои мамнуи дар Аврупо фаъолияткунанда пеш аз гурехта рафтан ба Аврупо ҷинояткор буданд ва танҳо баъд аз ошкор гаштани ҷиноятҳояшон ҷомаи мухолифиро ба бар карданд. Ҳамаи даъвоҳои сиёсӣ ва танқидҳои беасоси Ҳукумати Тоҷикистон танҳо суханҳои хушку холӣ буда, ҳадафи воқеии онҳо ба даст овардани фоидаи муфт ва бо роҳи фиреб ғанӣ гардонидани худ аст. Ин афрод, ки худро ҳомии дину шариат меҳисобанд, бо истифода аз номи дини ислом ба чӣ ҷиноятҳое даст назадаанд. Алббата аз ин чиз мо бояд ҳайратзада нашавем. Дар шароит кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватан парвар, милатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки дини мубини исломро бо терроризм нисбат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунонд, худдори намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва як порчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлатии миллии тоҷикон таввасур кардан ғайри имкон аст. Корманди МИҲД-и ноҳия Ғанизода И.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-08-2023, 15:32:01 | Диданд: 228