МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Террорист ватан надорад.

Террорист ватан  надорад.

Террорист ватан надорад. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои аввлаини ҷомеаи башар буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби мутахассисони гуногун мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Баъзе созмону ҳизбҳои бо ном исломӣ на ба хотири Худо ва на ба хотири ислом амал мекунанд, балки дар ниқоби ислом ба иҷрои ҳадафҳои пасипардагии хоҷагони хориҷии худ машғуланд. Онҳо дини мубини исломро бо терроризму экстремизм бадном мекунанд. Дар шарои кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватан парвар, милатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки дини мубини исломро бо терроризм нисбат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунонд, худдори намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Дар шароит кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватан парвар, милатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки дини мубини исломро бо терроризм нисбат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунонд, худдори намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва як порчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлатии миллии тоҷикон таввасур кардан ғайри имкон аст. Сокини ноҳияи Восеъ. Ѓаниев И.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-08-2023, 11:21:22 | Диданд: 202