ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9246]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6083]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5784]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4950]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4267]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4251]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4234]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4223]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3887]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 60971
Ояндаи кишварри азимонро ҳифз намоем на ин ки дар хатар гузорем.

Ояндаи кишварри азимонро ҳифз намоем на ин ки дар хатар гузорем. Ҳаёти осоишта неъмати бебаҳо аст. Ҳар нафари соҳибақлу зиндадил кӯшиш ба зиндагии осуда мекунад, зеро тинҷиву оромӣ гарави ҷомаи амал пӯшидани тамоми орзуву мақсадҳои башарист. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ифротгароӣ ва терроризм дар тамоми гӯшаву канори олам доман паҳн намудааст. Баҳри пешгирии амалҳои террористӣ дар ҷаҳон олимон, мутахассисони соҳа, сиёсатмадорону тадбирандешон якҷоя дар пайвастагӣ фаъолият мебаранд, то ин пешаи номатлубро решакан кунанд. Сарчашмаи ҳамаи нооромиву нокомиҳои миллатро ҳар нафари соҳибақл аз падидаҳои хатарзо ва зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм медонад. Ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ аз тарафи мақомотҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Бо вуҷуди ба дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем. Имрўз зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ вабои аср бар амнияти ҷомеаи башарӣ гашта, он хатари на камтар аз яроқи ядроиро ба миён овардааст. Аз ҷавонони ҳушманду соҳибақл хоҳиш карда мешавад, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори хеш гардонида, ҳамзамон аз падидаҳои нангину номатлуб ва хонумонсӯз худдорӣ карда, аҳли ҷомеаро зери хатар нагузоранд. Ин масъала ҳамчун доғи рӯз ба амнияти кишварҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ меоварад. Мутаассифона, шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам паст нашудааст. Вобаста ба гуфтаҳои болоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст. Мо, ҷавонони зодаи даврони истиқлоли кишварро лозим аст, ки ба мардум, махсусан ба ҷавонон, ҳамсолони худ фаҳмонем то ба воқеоту рӯйдодҳо огоҳона баҳо диҳанд ва ба амалҳои номатлуб даст назада, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Чунки маҳз ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд, пас ояндаи кишварро ҳифз намоем на ин ки дар хатар гузорем. Г.Мирзоева-аъзои фаъоли ҲХДТ.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-08-2023, 11:37:56 | Диданд: 181