МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳақиқат гуфтан шиори мост.

Ҳақиқат гуфтан шиори мост.

Ҳақиқат гуфтан шиори мост. Ба ибораи Пешвои муаззами миллат мо дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз муноқишаҳои сиёсӣ зиндагӣ дорем ва дар набард ва ин бозиҳои сиёсӣ ҳамон қавму миллате даст боло мегардад, ки ватани худро дӯст медорад ва дорои маърифати баланди ватандорӣ бошад. Ман ҳамчун аҳли зиёи кишвари хешро дӯст медорам ва бо тамоми ҳастиам аз паи ободкориҳои ону пойдории сулҳу ваҳдат дар он мебошам. Ва инро ба фарзандони насли ҷавони кишвар таълим медиҳам. Дар ҷаҳони муосир ҷангҳои иттилоотӣ ба нуқтаи баландтаре расидаасту бисёр кишварҳоро ба гирдоби ҷангҳои бе маънӣ кашидаанд,ки мо инро дар мисоли давлатҳои Ироқ, Шом, Фаластин, Афғонистон, Украина баръало дида метавонем. Шукри даргоҳи Худованд менамоем, ки кишвари мо тинҷу ором асту мардумаш осудаҳолона дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ доранд. Тоҷикистони азизи моро ҳам гурӯҳҳои ифротӣ солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буд. Ва мо тоҷикон шукронаи он мекунем,ки бо талошҳои сулҳдӯстонаи Пешвои муаззами миллат дар андак муддати таърих ин моҷарои сиёсӣ хомӯш гардид. Мо бошандагони Тоҷикистонро дигар фирефтаи ҳарфҳои дуруғини гурӯхҳои ифротгаро нашуда дар атрофи Пешвои муаззами миллатамон мутаҳид гардида сиёсати ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Мо ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханони дуруғии душманони миллати худ намегардем. Мо дидем,ки ин суханони онҳо солҳои 90-уми асри гузашта мардуми моро ба чи ҳолати бади сиёсиву иқтисодӣ оварда расонид. Мушовири шуъбаи маорифи н.Восеъ: Отахони Талбак

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-08-2023, 14:46:32 | Диданд: 217