ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9245]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6083]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5783]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4950]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4267]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4251]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4234]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4223]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3887]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 60961
Ҳазар аз амалҳои террористӣ.

Ҳазар аз амалҳои террористӣ. Мо мардуми тоҷик таърихан мардуми сулҳдӯсту ватанпарварем ва ин амали хайр бар мо аз ниёгонамон мерос мондааст ва ба ин маънӣ А.Фирдавсӣ хеле ба маврид гуфтааст: Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем, Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем. Дар ин мисраҳо ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки инсон бояд доимо аз паи иҷрои амалҳои нек бошад ва бодии ҷаҳон низ ба амалҳои накуи инсонӣ вобаста аст. Кишвари мо як маротиб бо дасисабозиҳои гурӯҳҳои ифротгаро гирифтори ҷангҳои таҳмилӣ гардида буду то ҳол аз он захмҳо дар дил дорад. Агар ҳамон солҳо мардуми мо гирифтори ин ҷанги бемаъне намегардид, имрӯз дар сатҳи дигари зиндагӣ кор мекардем. Мо мардуми тоҷик шукронаи Пешвои муаззами миллат менамоем, ки ӯ тавонист бо талошҳои пайгиронаи худ дар кишвари ҷангзадаи мо сулҳу ваҳдатро дар кӯтоҳтарин муҳлати таърих барқарор намояд. Ман ба насли ҷавони кишвар гуфтаниям, ки фирефтаи ҳеҷ гуна таблиғоти бегона нашуда, доимо аз паи ободии ватани худ бошанд. Биёед ба он кишварҳо менигарем, ки дар онҳо гурӯҳҳои ифротӣ таблиғоти хешро гузаронида онҳоро ба ҷанги муқобили ҳам кашида кишварро дар ҳолати бади иқтисодӣ кашониданд. Мо бояд аз онҳо ибрат бигирему шукронаи ин диёри биҳищтосоямон намоем. Мо мардуми тамадунофари тоҷик бо тамоми ҳастӣ ба муқобили гурӯҳҳои ифротгарою иғвоандоз дар муборизаем ва намегузорем,ки ин гурӯҳҳо бо нияти баду тафриқандозона ба кишвари мо чашмандозӣ намоянд. Мо дар боби дӯстию ваҳдат ва ободкориҳо пайравони Пешвои муаззами миллат мебошем. Мушовири шуъбаи маорифи н.Восеъ Шарифов Ф.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-08-2023, 14:52:23 | Диданд: 201