ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9245]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6083]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5783]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4950]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4267]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4251]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4234]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4223]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3887]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 6
- Хамаги омаданд: 60957
Ифротгароиро маҳкум менамоем.

Ифротгароиро маҳкум менамоем. Дар замони муосир бо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти гурӯҳҳои ифротию террористӣ то рафт зери ҳимояи гурӯҳҳои манфиатдор фаъол мегарданд, ки ин ба давлатҳое,ки дар шароити сулҳу субот зиндагии осудаҳолонае доранд хатар дорад. Аз ин ҳадафҳои террористон ва гурӯҳҳои ифротӣ Тоҷикистони азизи мо низ дар канор нест. Аз ин рӯ мо мардуми тоҷикро лозим меояд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, дорои маърифати баланди ватандорӣ бошем. Барои инсоният ҳеҷ чиз беҳтар дар фазои сулҳу суботи кишвар зиндагӣ кардан нест. Мо мардуми тоҷик шукронаи Пешвои муаззами миллат менамоем, ки бо талошҳои пайгиронаи худ дар андак муддат дар кишвари ҷангзадаи мо сулҳу ваҳдатро ва ҳамдигарфаҳмиро миёни минтақаҳои кишвар барқарор намуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ душманони миллати мо ин ҳамаро нодида гирифта, бадгӯиҳо менамоянд, дар мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар пайравони ӯ. Мо мардуми тоҷик сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатамонро дар бобати пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ намуда намегузорем,ки нохалафе дар кишвари мо ба мақсади нопоки худ бирасад. Мо ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханони бепояву беасос ва дуруғини гурӯҳҳои ифротӣ нагашта онҳоро дар ин бобат сахт маҳкум менамоем. Ва дар фарҷоми сухан ба ҳамаи онҳо инро гуфтаниам, ки аз ин амалҳои номатлуби худ даст кашида аз пайи амалҳои хайру савоб бираванд ва ба ин маъни шоир ба маврид гуфтааст: Ҳар касе бад кард ба рӯзи бад рассад, Некиро некиву бадро бад рассад. Мушовири шуъба: Қодирова Ф.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-08-2023, 14:53:07 | Диданд: 196