МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ин амалро решакан бояд кард

Ин амалро решакан бояд кард

Ин амалро решакан бояд кард Мубориза ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ яке аз мавзуъҳои асосии замони муосир мебошад, зеро ин амалҳои номатлуб марҳила ба марҳила тараққи намуда истодаасту ба зиндагии осоиштаи инсоният хатар таҳдид менамояд Мо тоҷикон шукрона аз он дорем, ки бо талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар як замони бисёр мусоиди сиёсӣ зиндагӣ ба сар мебарем ва мо шукронаи Пешвои муаззами миллат менамоем, ки ӯ тавонист бо талошҳои пайгиронаи худ дар кишвари мо бо ҷанги таҳмили хотима диҳад. Биёед ба он кишварҳо менигарем, ки дар онҳо гурӯҳҳои ифротӣ таблиғоти хешро гузаронида онҳоро ба ҷанги муқобили ҳам кашида кишварро дар ҳолати бади иқтисодю маънавӣ кашониданд. Мо бояд аз онҳо ибрат бигирему ба чунин хатоҳо роҳ надода шукронаи ин диёри биҳиштосоямон намоему ба суханони дуруғини Муҳаммадиқболу дигар пайравони он эътиборе надимҳем. Мо мардуми тамадунофари тоҷик бо тамоми ҳастӣ ба муқобили гуруҳҳои ифротгарою иғвоандоз дар муборизаем ва намегузорем, ки ин гурӯҳҳо бо нияти баду тафриқаандозона ба кишвари мо чашмандозӣ намоянд. Мо дар боби дӯстию ваҳдат ва ободкориҳо пайравони Пешвои муаззами миллат мебошем ва сиёсати хирадмандонаи онро дар ҳама самтҳо ҷонибдорӣ менамоем. Натиҷаи ҳамин меҳнати софдилона ва ваҳдати сар тосарии кишвар аст ,ки дар андак муддати таърих ба дастовардҳои азиме дар ҳама самтҳои кишвар ноил гардидем. Ҳамдигар фаҳми ба мо имкони онро дод, ки дар зарфи 32-соли истиқлолият дар ҳамаи самтҳо ба пешравиҳо ноил гардем. Ҳоло мардуми мо бо як рӯҳияи идона зиндагӣ ва кор карда истодааст, заро чанде пеш ин мардуми соҳиб тамадун ҷашни 32-солагии Истиқлолияти кишварро ҷашн гирифт. Шарифов Қудратулло директори МТМУ №11

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-09-2023, 15:47:12 | Диданд: 175