МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ба ҳарфи ноҷо гӯш наандоз

Ба ҳарфи ноҷо гӯш наандоз

Ба ҳарфи ноҷо гӯш наандоз Дар расонаҳои хабарии кишвар доири пешравиҳою дастовардҳои меҳнатии ҳаммеҳанонам мехонаму дар қалбам табли шодӣ мезанам, ки дар чунин кишвар зиндагӣ ва кор менамоям. Аммо аз чӣ бошад, ки душманон миллат ҳамоно дар ҳақи ин кишвари биҳиштосо бад гӯиҳо менамоянд, ки ин суханон ҳеҷ гунна пояҳои воқеӣ надоранд. Дар замони кунуни, ки ҷангҳои иттилоотӣ ба авҷи аълои инкишофи хеш расидаасту давлатҳои дунё ҳадафи гуфтори иғвоангезонаи онҳо қарор дорад ва Тоҷикистони азизи мо низ аз ҳамлаи идиологӣ дар канор нест, мо бояд дар ин марҳилаи ҳасоси сиёсӣ дар канор наистода ба дифои кишвари худ омода бошем ба суханони иғвогаронаи ин гурӯҳҳо ҷавоби сазоворе бидиҳем. Чанде пеш мо мардуми ин диёри биҳишосо ҷашни 32-соли соҳибистиқлолии кишварамонро дар сатҳи баланд таҷлил намудему ба он дастоварҳое ноил гаштааст, ки ба чандин даҳсолаҳо баробар аст. Аммо ҷои таассуф аст, ки қавми иғвоандоз ин ҳамаро нодида гирифта ҳамоно дар боби кишвари мо бадгӯиҳо менамоянд. Ман ба ҳама мардуми шарифи тоҷик ва тоҷикистонӣ инро гуфтаниам, ки дигар фирефтаи ин суханони иғвоангезона нашуда шукронаи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот намоему ободию осудагии кишвари азиз. Мардуми мо як маротиб фирефтаи суханони ин тоифа одамон шуда кишварро ба ҷанги таҳмилӣ кашидему то ҳанӯз доғ аз он дар дил дорем ва бояд дигар дар ин самт қадам дониста гузорем, зеро тоҷикон мақоли хубе доранд «Аз шир, ки сӯхтӣ дуғро пуф карда менушӣ». Мо дигар ба касею чизе эътибор надода, бо тамоми ҳастӣ баҳри оромию осудагии кишвар ва зиндагонии шоистаи мардумамон мубориза мебарем. Дар охир бо ҳама мардуми азизам онро таъкида мегӯям, ки ба суханони касе гӯш надода аз паи зиндагонни бофайзу бобаракати худ бошанд ва аз забони шоир мегӯям: «Мо Ватан дорему онро посбонӣ мекунем». Ва имрӯз ҳимояи Ватан аз ҳар гунна бадгӯиҳо рисолати мо омӯзгорону аҳли зиёи кишвар мебошад Пираков Н. директори МТМУ №59

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-09-2023, 15:49:43 | Диданд: 160