ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9245]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6083]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5783]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4950]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4267]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4251]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4234]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4223]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3887]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 60933
БИЁ ТО ҲАҚРО БИГЎЕМ

БИЁ ТО ҲАҚРО БИГЎЕМ Дар саҳифаҳои иҷтимоӣ суханони буҳтономез ва беасос дар ҳаққи кишвари то он андоза зиёд аст, ки ҳисобаш гумм, вале ҳеҷ яке аз онҳо пояҳои воқеии худро надоранд. Мо мардуми тоҷик дар солҳои 90- уми асри гузашта,ки як маротиб ба доми фиреби ин гурӯҳҳои ифроти афтода муқобили ҳам сангар гирифта будем, дигар ҳаргиз ба ин рафтори ғаразноки ин гурӯҳ роҳ намедиҳем. Вале ҷои афсусу надомат аст, ки бархе аз шахсиятҳо аз паи ободии кишвари хеш набуда манфиати худро аз миллату давлат боло медонанд, барои пораи ноне ба даст оварда дар ҳақи кишвари худ, миллати хеш бадгӯи намуда оромии кишварро халалдор месозанд.Чунин суханони ғаразнок нисбат ба кишвари мониз дар саҳифаҳои иҷтимоӣ садо медиҳад,ки ҳеҷ гунна заминаи воқеӣ надорад. Ман дар инҷо ба мардуми шарифи тоҷик гуфтаниам,ки ҳеҷгоҳ фирефтаи суханони ин тоифа одамон нагашта ба воқеияти зиндагии хеш бинигаранд, ки дар даврони истиқлолият сатҳи зиндагониашон то ба кадом зина баланд рафтааст. Пойдории сулҳу ваҳдат асоси пешравии ҳама соҳаҳои кишвар мебошад, сулҳу ваҳдати мо тоҷикон буд, ки то ба ин мақом расидаем мардуми мо доимо толиби сулҳу дӯстӣ мебошад ва ин маъни дар навиштаи шоирони тоҷик ва дигар халқиятҳо бисёр омадаасту онҳо моро ба суи дӯстию бародари мехонад. Мо бояд моҳияти ватану ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои онро дар ин замони муосир, ки пур аз моҷароҳои сиёсӣ мебошад ба накӯӣ дарк намоему дар ҳифзи он бошем. Нагузорем нотавонбине нисбат ба ин кишвари азизу биҳиштосоямон бадгӯи намояд. Ман хамчун аҳли зиёи кишвар ба мардуми шарифи тоҷик ва дигар мардуми сайёра гуфтаниам, ки доимо аз паи андешаҳои нек то дар ин сайёраи замин бо ҳам дӯстона зиндагӣ намоем. Зеро лаззату кайфият ва оромиш дар шароити сулҳу суббот ва ҳамдигарфами дигар аст. Каримов С. мушовири шуъбаи маориф
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-09-2023, 15:51:32 | Диданд: 169