ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9245]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6083]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5783]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4950]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4267]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4251]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4234]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4223]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3887]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 60939
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем Ҳодисаҳое, ки бо дастон гурӯҳҳои терроистӣ дар кишварҳои олам падид меояд ҳар марди солимфикрро ба он водор месозад, ки доимо хӯшёру зирак бошад ва ватани худро аз ҳарвақта дида бештар дӯст дорад. Ва дар ин раванд мо мардуми тоҷик хеле нектолъ мебошем, ки бо талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар як кишвари сулҳу суббот ва ваҳдаташ пойдор зиндагӣ ва кор менамоем ин ҳолат на ба ҳама мардуми кишварҳои ҷаҳон даст медиҳад. Ва мо бояд шукронаи инро ба ҷо биоварем. Мо мардуми тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта бо дасисабозиҳои гурӯҳҳои ифротгаро ба ҷанги таҳмили пардохтему бо чӣ мушкилоти сиёсию иқтисодӣ дучор омадем. Мо тавонистем дар андак муддати кӯтоҳи таърих ин ҳамаро барқарор намоем вале захми дили мардум солҳо боқи мемонад. Пешвои муаззами миллат доимо ба мо мардуми тоҷик муроҷиат карда мегӯяд, ки мо бояд ватани худро дӯст дорем ва доимо аз паи ободии он бошем. Ватани кас ҳар қадар ободу зебо бошад зиндагӣ барояш ҳамон қадар хушу гуворо мебошад. Ман ҳам чун аҳли зиёи кишвар ба мардуми шарифу сарбаланди тоҷик гуфтаниам, ки дар ин раванд ҷанги итилоотӣ ба сухани дуруғини касе гӯш надода аз паи ободонии кишвари хеш бошанд. Мо тоҷикон азалан сулҳдусту ободкор мебошем ва сайёраи заминро ба сӯи некию некикорӣ мехонем. Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем, Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем. Дар ин мисраҳо ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки инсонро ба сӯи амалҳои нек мехонад. Директори МТМУ №20 Ҳафизов С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-09-2023, 15:53:21 | Диданд: 160