ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9245]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6083]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5783]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4950]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4267]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4251]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4234]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4223]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3887]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 60934
Аз рӯзе, ки ҲНИТ-ро медонем дар радифаш ҷангу бало фисқу фасодро мебинем.

Аз рӯзе, ки ҲНИТ-ро медонем дар радифаш ҷангу бало фисқу фасодро мебинем. Ба хамагон маълум ва равшан аст, ки дар оғози солҳои 1992 то 2000 дар ҳудуди кишвари таърихии Тоҷикистон чӣ ҳодисаҳои дахшатангезе сар зада буданд, ки дар он чандин ҳазор одамони бегуноҳ ҷони худро баҳри несту нобуд кардани душманони миллати тоҷик бохтанд. Ва бешубҳа яке аз сабабгори асосии сар задани чунин бесарусомониҳо маҳз фаъолият бурдани Ҳизби нахзати исломи Тоҷикистон буд, ки имрўзҳо низ аз хориҷи кишвар мехоҳад бо ҳар роху восита вазъи сиёсии кишвари маҳбубамонро ногувор созад. Аз он рӯзе, ки ҲНИТ-ро медонем дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, шўру валвала ва фисқу фасодро мебинем. Ҳамчун як фарди ҷомеа бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон, тинҷиву якпорчагии он масъалаи расман қатъ гардидани фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ-ро ба маврид мешуморам, ва андеша бар он дорам, ки ба мардуми таърихие, ки мусулмони асил аст, дини мубини исломро на бо ҳизб ё гурўхбозӣ, балки аз сидки дил хурмат менамояд зарурати минбаъд фаъолият бурдани онро ягон заррае ҳам зарурат надорад. Имрўз, собиқ роҳбарияти ин ҳизби бе нангу номус бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ, ки аз хориҷи кишвар истода бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳад ба сари мардуми кишвар нокомӣ орад, ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нахоҳад расид, зеро мардуми имрўзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар мардуми солҳои 90-ум шуда наметавонад, ки ба фитнаҳои онҳо ба зудӣ боварӣ ҳосил намоянд. Ифротгароёни динӣ мақсад доранд, ки фақат намояндаҳои як дин ё мазҳаб дар сари қудрати сиёсӣ қарор дошта бошад. Чунин иқдом ба вайрон шудани якпорчагии Тоҷикистон, сарнагун намудани сохти коститутсионии он ва ҷорӣ намудани ғояҳои як дин ҳамчун идеологияи давлатӣ оварда расониданаш мумкин аст. Вале мардуми хиадманди тоҷик ба дасисаву иғвоҳои ин гуруҳи фисқу фасод дода намешаванд, баръакс ҳамеша дар пайи ободӣ, зебогӣ, пешравию тараққиёти кишвари азиз талош намуда, Ватани азизро аз ҳарвақта дида ободтар, шукуфотар ва номдортар мегардонанд. Сафархони М. аъзои фаъоли ҲХДТ аз н. Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-09-2023, 15:06:49 | Диданд: 195