МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сулҳ - мароми зиндагии инсоният аст

Сулҳ - мароми зиндагии инсоният аст

Сулҳ - мароми зиндагии инсоният аст Инсоният дар марҳилаҳои тӯлонии таърих ба равандҳое дучор гаштааст, ки ҳаёти минбаъдаи онҳоро ҳамин равандҳо муайян кардаанд. Аз байни чунин равандҳо ба андешаи мо, аз ҳама муҳимтаринашон сулҳ, созгорӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бартарии куллӣ дошта, дар тарзи ташаккули ҷомеа ва ҳаёти инсоният мавқеи беандоза мусбӣ бозидаанд. Асоси ваҳдати миллиро созиши ҷонибҳо ва гуруҳҳои мухталифи бо ҳам омада, яъне ба сулҳу салоҳ омада ташкил додааст. Бесабаб нест, ки қофиласолори назми тоҷик, одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асоси ба ҳам омаданҳоро дар накӯию сулҳ ва сабаби нифоқу низои дохилию беруниро дар нодонӣ ва гумроҳии инсонҳо донистааст. Чунон ки маълум мегардад таърихи гузаштаи инсоният то ба имрӯз доимо дар кашмокашу талошҳо барои тақсими сарвату муборизаҳои доимӣ будааст. Имрӯзҳо зиёда аз 50 низоъҳои хурду бузург дар олами муосир амал мекунанд, ки онҳо бо фарогирии гуруҳҳои хурду бузург ҳудуди оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳониро халалдор мекунанд. Танҳо сулҳи солим ва гуфтугӯйҳои тамаддунҳо метавонанд аз байн бурдани кашмокашҳои мавҷударо барои наслҳои оянда таъмин намояд. Лозим медонем, ки аз гузаштаи на чандон дури таърихи давлатсозиамон ёдовар шавем, ки он имрӯз барои насли наврасу ҷавонон дарси панд ва ибрат мебошад. Истиқлолияти миллӣ ки 22-юмин солгарди он таҷлил шуд, барои мо дар баробари дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ насибамон гашт ва дар марҳилаи аввали ташаккулёбии он натавонистем ба як миллати воҳид ва муттаҳид ва кишвари азизамонро ба сифати кишвари бутун нигоҳ дорем. Итминони комил аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонони донишҷӯ ва кадрҳои ҷавон аз тамоми неру, заковат ва имкониятҳоямон истифода мебарем то онҳо созандагони ватани маҳбубашон, муҳофизон ва ватандӯстони содиқ ба камол расанд, дастовардҳои Истиқлолият ва сулҳи доимиро таъмин кунанд, дастаҷамъона дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаҳои сиёсӣ саҳми арзанда гузорем ва ҷиҳати расидан ба чунин ҳадафҳо иштирокчии фаъол бошем. Мирзоева М. шаҳрванди н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-10-2023, 15:09:13 | Диданд: 88