МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳадиси дӯстӣ

Ҳадиси  дӯстӣ

Ҳадиси дӯстӣ Рисолати мо мардуми тоҷик дар ин ҷаҳони пур аз муборизаҳо дӯст доштани ватану обод намудани он мебошад ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ яке аз рисолатҳои асосии момебошад, зеро ин амалҳои номатлуб марҳила бав марҳила тараққи намуда истодаасту ба зиндагии осоиштаи инсоният хатар таҳдид менамояд Мо ҳама ба накӯӣ медонем,ки осоиштагӣ бо талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат насиби мо гардидаасту мо бояд ба он шукрона намоем ,ки ӯ тавонист бо талошҳои пайгиронаи худ дар кишвари мо бо ҷанги таҳмили хотима диҳад. Биёед ба он кишварҳо менигарем, ки дар онҳо гурӯҳҳои ифротӣ таблиғоти хешро гузаронида онҳоро ба ҷанги муқобили ҳам кашида кишварро дар ҳолати бади иқтисодю маънавӣ кашониданд. Мо бояд аз онҳо ибрат бигирему ба чунин хатоҳо роҳ надода шукронаи ин диёри биҳиштосоямон намоему ба суханони дуруғини Муҳаммадиқболу дигар пайравони он эътиборе надимҳем. Мо мардуми тамадунофари тоҷик бо тамоми ҳастӣ ба муқобили гуруҳҳои ифротгарою иғвоандоз дар муборизаем ва намегузорем ,ки ин гурӯҳҳо бо нияти баду тафриқаандозона ба кишвари мо чашмандозӣ намоянд. Мо дар боби дӯстию ваҳдат ва ободкориҳо пайравони Пешвои муаззами миллат мебошем ва сиёсати хирадмандонаи онро дар ҳама самтҳо ҷонибдорӣ менамоем. Натиҷаи ҳамин меҳнати софдилона ва ваҳдати сар тосарии кишвар аст ,ки дар андак муддати таърих ба дастовардҳои азиме дар ҳама самтҳои кишвар ноил гардидем. Ҳамдигар фаҳми ба мо имкони онро дод,ки дар зарфи 32-соли истиқлолият дар ҳамаи самтҳо ба пешравиҳо ноил гардем. Ҳоло мардуми мо бо як рӯҳияи идона зиндагӣ ва кор карда истодааст, заро чанде пеш ин мардуми соҳиб тамадун ҷашни 32-солагииИстиқлолияти кишварро ҷашн гирифт. Қамбаров М. директори МТМУ №58

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-10-2023, 15:13:53 | Диданд: 89