Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3936]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 53703
Дӯстиро ҷустуҷу дорем мо
Руй додани воқеаи охир кушташудани сайёҳнои хориҷӣ дар шаҳри Данғара. Душанбе боиси қаҳру ғазаби кулли мардуми тоҷик гардид. То ба имрўз ҳама меҳмонони хориҷие, ки ба кишвари мо меомаданд аз меҳмоннавози мо тоҷикону тоҷикистониён хушнуд мешуданду ба ҳамдиёрони худ тарғиб менамуданд, ки аз ин диёри биҳиштуосо дидан намоянд. Аммо рух додани ин воқеаи нангин, ки бо дасти гуруҳи манфиатҷуе содир шудааст, моро дар назди ҷомеаи ҷаҳон то андозае хиҷил сохт.
Пешвои муаззами миллат, ки қалби софу беолоише дошта ғами ҷомеаи ҷаҳониро ғами хеш медонад чандин маротиб ба хешу таборони қурбон шудагон аз номи худ ва номи тамоми бошандагони Тоҷикистон изҳори ҳамдарди намуд.
Ман ҳамчун як нафар шаҳрванди тоҷик, ки умре ба таълиму тадриси насли наврас машғулам ин амали нангинро кори гурўҳи террористону думравони М.Кабирӣ медонам онҳо бо ин амали ғайри инсонии худ, аз иҷронамудани чунин амалҳои нангин шарм надоранд, мехоҳанд, ки нуфузи Тҷикистони моро дар арсаи ҷаҳони коста гардонанд.
Раёсати ҲНИ ислом, ки имрўз дар хориҷӣ кишвар хизмати хоҷагони худро адо мекунад бешармонаи хешро мусичаи бегуноҳ дониста Вазорати корҳои дохилии кишвар ва дигар мақомоти моро гўнаҳгор медонад. Ин ҳама худнамоиҳои шумо аз тарси хоҷагонатон ҳасту бас. Баромади ҲНИ исломро дар интернет хондаму байти Синои бузургро ба хотирам омад:
Зи тарси шеъри ғуррон чоҳ кобанду зананд ав-ав,
Гирифт овози он сагҳо валекин ман ҳамон шерам.
Дар ин навиштори худ ба М. Кабирию думравонаш гуфтаниам, ки шумо ватанфурўш ва душманони миллат мебошед боре бар хеш биандешед, ки дар воқеаҳои солҳои 90-ум чӣ дасте доштед тиратон хок хурд.
Боз фарзанди арзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири он ки шояд аз кардаи хеш пушаймон шуда бошед сари мизи гуфтушунид бо шумо нишаст бо умеди ободии кишвару таъмини сулҳу суббот шуморо ба кишвар хонд. Ба ҳизбатон имонияти озода фаъолият намуданро дод. Шумо боз чи корҳо кардед? Коратон танҳо аз тафриқаандози иборат буду бас. Боз тақдири ояндаи миллатро пушти по задед, пеши хоҷагони худ ду даст пеши бар омодаи хизмат шудед. Гургзода гург шавад, гарчи ба одами бузургшавад гуфтаи халқ дар ҳаққи шумо равост. ҲНИ, ки дар ҳамаи Тоҷикистон ҳамагӣ 1000 нафар аъз надошт шумораи онро аз минбарҳо бо ҳарфи дуруғинатон ба даҳҳоҳазор мерасондед.
Оё ваъдаи Худованди нест,ки ҷой дуруғгуй ҷаҳаннам аст. Пас шумо дузахиед, Кабирӣ!
Яе аз рўзномаҳои бонуфузи Англия дар бораи мамлакатҳои ором ва барои сайёҳон мусоид назарпурси гузарониду Тоҷикистон дар қатори даҳ давлати аввал қарор гирифт. Шумо аз ин ба худ печидед чун мурғи посухта ҷоӣ нишаст намеёфтед. Чун каждуми таги бурё заҳр задан мехостед. Шояд ин амали содир намуда заҳри навбатиатон буд.
Ҳама мардуми равшанзамини сайёра аз меҳмоннавозию инсондустии мардуми мо дар мисоли ташаббусҳои умуми башарии Пешвои миллатамон воқифанд ва медонанд ҳеҷ ин миллат нисбати меҳмонни кишвари хеш беэҳтироми зоҳир накардаасту намекунад. Ва доимо мо дар зиндагӣ ва муносибат бо кишвару халқиятҳои дигари олам якруй якрангем.
Дўстиро ҷустуҷу дорем мо,
Аз амони гуфтугу дорем мо.
Сармутахасиси шуъбаи маорифи ноҳияи. Восеъ Рустам Солиҳов.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-08-2018, 14:52:30 | Диданд: 832