МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Нест бод хоинони миллати тољик.

Нест бод хоинони миллати тољик.

Нест бод хоинони миллати тољик. Хоинони миллат бо ин амалашон мехоҳанд фазои амну суботи ҷомеаи тоҷикро халалдор созанд. Имрўзҳо шахсоне, ки мардумро ба гypўҳҳo ҷудо мекунанд ин ҳapгyнa ҳизбу харакатҳои террористию ифротгароӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ мебошанд. Маҳз ҲНИ манфиати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошт. Меҳнати хирсонаи наҳзатиён буд, ки баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки хоҷагони худ мамлакати моро ба низоъву зиддият кашиданд. Барои онҳо манфиатҳои милливу давлатӣ вуҷуд надорад. Онҳо зери ҳаргуна ниқоб баромад карда, дар байни мардум тухми кинаву адоватро кишт мекунанд. Яке аз масъалаи ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷахонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм аст. Ифротгароӣ имруз ҳамчун ҷинояти байналмилалӣ доман паҳн намуда, тамоми марзҳоро убур карда истодааст. Мутаассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони мамлакати мо низ ба канор нестанд. Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Мардуми тоҷик ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Сокини ноҳияи Восеъ: Маҳмадов Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-10-2023, 15:34:18 | Диданд: 104