МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

То кай дуруғу сафсата

То кай дуруғу сафсата

То кай дуруғу сафсата Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайвандад, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳаммадиқбол кашида буд оқибат ӯро шармандаю русиёҳ намуд. Имрӯз, ки Мҳаммадиқбол ва ҳамаслакони каждумсирати ӯ паймонҳо таъсис медиҳанду онро дар сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд, андешаи онро надораннд, ки бо ин усул нафрати милионҳо одамони сайёраро бар муқобили худ бармехезонанд. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикстони азизамонро зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шуморанд. Зеро, ки хиёнаткорон ба ҳар роҳу усулҳои бардурӯғ мехоҳанд, ки мардумро бар зидди Ватани худ равона созанд. Мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар Ватани азизу маҳбуб ва соҳибистиқлол умр ба сар мебарем. Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҳар суханронии худ дар минбарҳои гуногун аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии ин кишвари тозаистиқлол фаъолоно, бо иқдому ташаббусҳои созандагӣ иштирок намоянд, зеро имрӯзу фардои бақои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост. Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд ва ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ 20 сол пеш вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Восеъ Боимирзоева М.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-11-2023, 14:22:28 | Диданд: 81