МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо соҳибватанем ва зодгоҳи худро посмедорем.

Мо соҳибватанем ва зодгоҳи худро посмедорем.

Мо соҳибватанем ва зодгоҳи худро посмедорем. Имрӯзҳо хоинони милат аз қабили Муҳаммадиқбол ва дигар думравонаш бар он ақидаанд, ки бо дуруғу найрангҳояшон мардумро фирефта карда таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб менамоян. Ин хоинони бадбахт то ҳол намедонанд, ки мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд дигар бозичаи дасти наҳзатиёни бешарм намешаванд. Кули мардуми шарифи Тоҷикстони азизамонро зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шуморанд. Зеро, ки ин хоинони бадбахт ба ҳар роҳу усулҳои бардурӯғ мехоҳанд, ки мардумро бар зидди Ватани худ равона созанд. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои маҳбубияти хоса миёни мардуми мамлакат аст ва шахсият фаъолият хизматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат барои мардум комилан рушан аст . Мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти милату давлат хуб медонад ва обурӯву эътибори абармарди бузург, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳони пазируфта шудааст. М.Садриддин аз рӯзҳои аввали истиқлолияти кишварамон роҳи хиёнатро пешгирифт. Ҳоло ҳам барои расидан ба ҳадафи худ мунтаззам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекунанд. Аммо мо тоҷикистониён душманони худро нағз мешиносем, ба чунин разилон ҷавоби сазовор дода метавонем. Ба боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда мерасанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақдаҳои ифротии М.Садриддин нахоҳанд шуд. Мо ба таърихи ҳаёти мардум ва вазъияти ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, илмӣ назар андохта, пас метавон гуфт, ки ҳар як шаҳрванди кишвари мо чи гуна вазъият доштаанд ва имрӯз онҳо шоҳиди воқеии ин таҳаввулоти таърихиро дарк карда истодаанд. Ин ҳама аз талошу заҳмат, ҳиммат, хидмат, сиёсати хирадмандона ва дастовардҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Шумоён каззобон М.Садриддин ва тарафдорони ӯ чӣ кори хайре барои халқи тоҷик кардаед дар ягон ҷое зикр ҳам карда наметавонед. Сокини ноҳияи Восеъ Файзов М.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-11-2023, 14:27:05 | Диданд: 82