МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МО!

ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МО!

ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МО! Дар замираи ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд. Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд. Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдири сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанрпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид , бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намудаанд. Ин буд, ки меҳнаткашон , модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон Тоҷикистон муттаҳид гардиданд. Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташабусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”. Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ Маҳмадов Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-11-2023, 14:29:00 | Диданд: 90