МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони миллат ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд.

Хоинони миллат ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд.

Хоинони миллат ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Шахсан ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шод аз онам, ки ин сарзамини мардуми мо ҳамарӯз ободу зебо гашта истодааст. М.Садриддин ва дигар думравонаш ҳазор ёвагӯӣ кунанд назди хоҷагонашон худашонро вонамуд карданианд назди мо бошад душман ва аҳриман ҳастанд. Суханони он хоинони миллат ба касе таъсир бахш нест ба ҷуз худашон ва хоҷагонашон. Мо насли даврони соҳибистиқлол кишвари худро ҳимоя мекунему муқадасоташро ҳифз ва пос медорем. Душманони мардуми мо дар ҳама давру замон буданд аммо мо ба онҳо диққат намедиҳему кори созандагии худро идома медиҳем. Тоҷикистони азиз дар тулии ҳазорсолаҳо фарзандони бо нангу номусро ба воя расонидаас ва донистани онҳо пайрави намудан ба онҳо моро дигар ягон хоин наметавонад бар суи худ фирефта намояд. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои маҳбубияти хоса миёни мардуми мамлакат аст ва шахсият фаъолият хизматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат барои мардум комилан рушан аст . Мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти милату давлат хуб медонад ва обурӯву эътибори абармарди бузург, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳони пазируфта шудааст. Солҳост, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуда истодааст, ки хоинони наҳзативу Гуруҳи 24 ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳамаашон ҷинояткору қаллобанд ва ҳадаф аз ниқоби мухолифӣ ба сар карданашон танҳо рупуш кардани ҷиноятҳои содирнамудаашон аст. Худро мухолифу «ҷабрдида»-и ҳукумати қонунии Тоҷикистон эълон карда, мухолифини ватанфурӯш ҳадафҳои муғризонаи худро пайгирӣ мекунанд. Умедворам, ки ҷиноятҳои навбатии ошкоршудаи Муҳаммадиқболи Садриддин чашми аҳли оламро кушода, чеҳраи воқеии мухолифини нохалафро ифшо мекунад. Роҳбарону аъзоёни ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои мамнуи дар Аврупо фаъолияткунанда пеш аз гурехта рафтан ба Аврупо ҷинояткор буданд ва танҳо баъд аз ошкор гаштани ҷиноятҳояшон ҷомаи мухолифиро ба бар карданд. Ҳамаи даъвоҳои сиёсӣ ва танқидҳои беасоси Ҳукумати Тоҷикистон танҳо суханҳои хушку холӣ буда, ҳадафи воқеии онҳо ба даст овардани фоидаи муфт ва бо роҳи фиреб ғанӣ гардонидани худ аст. Тавре шоҳидони ҷиноятҳои Муҳаммадиқболи Садриддин мегӯянд, ӯ бо истифода аз ҳадису оятҳои Қуръон маблағҳои зиёди онҳоро бо роҳи қаллобӣ аз худ кардааст. Магар аз ин ҷинояти вазнинтаре ҳаст? Ин афрод, ки худро ҳомии дину шариат меҳисобанд, бо истифода аз номи дини ислом ба чӣ ҷиноятҳое даст назадаанд. Алббата аз ин чиз мо бояд ҳайратзада нашавем. Сокини ноҳияи Восеъ Қурбонализода С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-11-2023, 13:24:39 | Диданд: 89