Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8778]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5812]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5199]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4669]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3978]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3976]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3968]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3964]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3668]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
2. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
4. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
5. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
7. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2417
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 54718
Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи шукрона намоем.
Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи шукрона намоем. Яке аз масъалаи ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷахонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм аст. Ифротгароӣ имруз ҳамчун ҷинояти байналмилалӣ доман паҳн намуда, тамоми марзҳоро убур карда истодааст. Мутаассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони мамлакати мо низ ба канор нестанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки “Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Ҷаҳони муосир дар панҷаи абарқудратҳо, ки кӯраи оташинро мемонад ба задухурдҳои иттилоотӣ тавассути шабакаҳои иттилоотӣ мекӯшад ва рӯз то рӯз шадидтар гардида истодааст. Имрӯз, ки башарият бо таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ рӯ ба рӯ шудааст, Тоҷикистони мо низ, ки узви ҷомеаи ҷахонист аз ин хатарҳо эмин нест. Зеро душманони миллат, аз ҷумла саркардаҳои ТЭТ ҲНИ, ки фаъолияти он дар ҳудуди кишвар мамнуъ эълон шудааст, дар хориҷи мамлакат дар кишварҳои Аврупоӣ маскан гирифта, тариқи шабакаҳои иттилоотӣ бо дурӯғи бӯхтон санг мезананд. Бо ин амалашон мехоҳанд фазои амну суботи ҷомеаи тоҷикро халалдор созанд. Мардуми тоҷик ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Сокини ноҳияи Восеъ Маҳмадзода Ш.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-11-2023, 13:30:20 | Диданд: 138