ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9228]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6079]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5776]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4946]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4265]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4249]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4230]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4219]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3883]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 60872
Хоинони миллат ба мақсади нопоки худ намерасанд.

Хоинони миллат ба мақсади нопоки худ намерасанд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ин боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат аз ҳар гуна амалҳои номатлуб мебошад, ки ба ҳаёти тамоми шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳон хатарнок ва таҳдидовар мебошад. Аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талаб ва хоҳиш карда мешавад, ки гирифтори ин гуна ифротҳо ва суханони пур аз фиребу дурӯғи хоинони миллат нагарданд. Онҳо бо ҳар роҳу усул бо маълумотҳои нодурустро дар байни мардум паҳн карда, мехоҳанд дар ҷомеа низоъ андозанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кӯшиш менамоянд ва дар рафъи ин гуна зуҳуроти нафратовари ҷомеа, ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд, инчунин баҳри нигоҳдории ҷони ҳар шаҳрванди кишварро аз ин гуна нафарони номатлуб кӯшишҳои зиёде намуда истодаанд. Воқеаҳои солҳои 90-ум исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф мардуми шарафи тоҷик аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст. Ва расидан ба Ваҳдати миллӣ ин кори осон набуд. Нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар ин вазифаи ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллат ба шумор меравад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар шароити имрӯза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногун чӣ дар дохил ва чӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кӯшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд… Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сабаби он шуд, ки имруз мо ҳамчунин кишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидем. Аммо имрузҳо хоинони миллат бо ҳар роҳу усул мехоҳанд нигоҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои мо сиёҳ созанд. Мо шаҳрвандони кишвар фахр аз он дорем, ки тоҷик ҳастем ва дар Тоҷикистон зисту зиндагонӣ дорем ва намегузорем, ки ба ин кишвари биҳиштосо ва Сарвари хирадманду тавонои он бо чашми бад нигоҳ кунанд. Сокини ноҳияи Восеъ Маҳмадзода Ш.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-11-2023, 14:09:46 | Диданд: 163