МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони миллат аз ҳасуди мемиранд.

Хоинони миллат аз ҳасуди мемиранд.

Хоинони миллат аз ҳасуди мемиранд. Ба њамагон маълум аст, ки сулҳу салоҳ дар кишвари азизамон Тоҷикистон, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, омили наҷотбахши миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳз ҳамин таҷрибаи нодири сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун «формулаи сулҳу салоҳи тоҷикон» аз тарафи таърихшиносон, сиёсатмадорон ва олимону пажӯҳишгарони ҷаҳон омӯхта шуда, дар марҳилаи нави давлатдорӣ муаррификунандаи давлату миллати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ибратбахш аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи миллӣ ва дастоварди бузурги халқи тоҷикро яке аз унсурҳои таркибии андешаи миллии ин миллати тамаддунсоз пазируфта, барои дигарон-кишварҳои ба фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор, дарси наҷот медонанд. Илова бар гуфтаи боло, андешаи ғолиб ин аст, ки Пешвои миллат бо корҳои созандаи худ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, таҳиягари рукнҳои осоиши ҷомеа, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонҳои таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ба дили тоҷикистониёну тоҷикони ҷаҳон роҳ ёфтааст. Новобоаста аз ин ҳама пешравиҳо хоинони миллати тоҷик боз ҳам дар фикри онанд, ки бо суханҳои пучу бемаънои худ ба оромии мардуми тоҷикро хахлал ворид созанд. Халқи азизи тоҷик хуб медонад, ки мақсади асосии ин хоинон халалдор намудани амнияту суботи кишвар, қудратталабӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошад. Аз ёдҳо зудуда нагардидааст, ки ин аблаҳон ва гумоштаи хориҷиён дар либоси дини мубини ислом ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ таъсис дода, дар кишвари азизамон ба садҳо амали ноҷавонмардона даст заданд. Акнун дар кишварҳои аврупоӣ «ҷомаи рангини демократия» ба бар карда, шабу рӯз пайи халалдор кардани фазои орому осоиштаи Ватани аҷдодии хеш ҳастанд. Онҳо аз ҳар даричаву равзана ба муқобили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баромада, гоҳо аз содагиву зудбоварии баъзе аз наврасону ҷавонон ё ашхоси беирода истифода бурдан мехоҳанд. Бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва садоқат ба марзу буми кишвар ба сӯйи нохалафон ва гумроҳону асолатбохтагон садо баланд намуда, иброз медорам, ки шумо нотавонбинон ва хоинони давлату миллати тоҷик бо ҳисси нотавонбиниву ноҷавонмардӣ нисбат ба озодиву ваҳдати сартосарии кишвар аз ҳасудӣ ва гумроҳӣ худро нобут месозед. Сокини ноҳияи Восеъ Ғанизода И.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-11-2023, 14:14:28 | Диданд: 79