МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Нест бод экстремизм ва терроризм

Нест бод экстремизм ва терроризм

Нест бод экстремизм ва терроризм Чи гунае, ки мо аз расонаҳои хабарӣ огоҳи дорем, имрӯз дар як қатор давлатҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар ин васила терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ба амал омада истодааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди мебошад, ки Тоҷикистони азизи мо низ аз зумраи онҳост. Солҳои охир ба шарофати пойдории амният, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарафманду заҳматпешаи Тоҷикистон бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон раванди корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъат пайдо карда истодааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистони азизи мо аз ин хатарҳои сатҳи ҷаҳони бартараф ва ё раҳо аст. Баракси кор гурӯҳҳои террористи ва экстремистӣ маҳз ба он давлатҳое таваҷуҳ доранд, ки дар онҳо раванди ободонию созандагиаш вусъат ёфта истодааст. Вагарна Муҳиддин Кабирӣ, М. Иқбол ва дигар хоинон аз хориҷи кишвар чунин сафсата гӯйи намекунанд. Имрузҳо хатари идеологияи гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ба сохти кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита таъсири худро расонида истодаанд. Гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Тибқи маълумотҳо раванди ифротишавии аҳолӣдар Тоҷикистон гарчанде ру ба таназул ниҳода бошад ҳам ин омил яъне ифротишавӣ то ҳол аз байн нарафтааст. Ва асосӣ таъсиррасон ва хатарзо ба сулҳу суббот ва амнияти кишвар боқи мемонад. Бо ин мақсад мо ҷавонон бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Сармутахассис шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Восеъ Садирова Н.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-11-2023, 14:16:25 | Диданд: 98