МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ-ХАТАР БА ИНСОНИЯТ.

ТЕРРОРИЗМ-ХАТАР БА ИНСОНИЯТ.

ТЕРРОРИЗМ-ХАТАР БА ИНСОНИЯТ. Мо мардуми ноҳияи Восеъ дар пешрафти соҳаҳои гуногун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, ҳифзи сарҳад, волоияти қонун бо нерӯи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, миллат ва обухоки сарзамини аҷдодӣ ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, дар пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузорем. Яке аз масалаҳои доғи руз имруз васоити ахбори ома ва ҳама шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кардааст ин хатарҳои глобали аз қабили ифротгароӣ ва терроризм мебошад, ки то рафт майдони амали онҳо васеъ мегардад. Бояд гуфт, ки ин омилҳои номатлуб тайи солҳои охир даҳо кишвар ва миллионҳо мардумони давлатҳои мухталифро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба нооромию сарсониҳо оварда расонидаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми имконоти муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам буда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр созанд. Танҳо дастаҷамъона метавонем, амнияту осоиши хонадонамонро аз вуруди ғояҳои бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз намоем. Аз гуфтаҳои Сарвари давлат маълум гашт, ки дар тамоми давлати олам ноороми рӯ дода, баъзе нохалафон барои давлату миллати мо сайрй кушиш ба харҷ менамояд, ки давлати тиҷу ором ба ҷангу хунрезаҳо мубадал гардад. Мо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ барои волоияти қонун ва ҳукумати конститутсионӣ мубориза бурда, Пешвои муаззами миллат мардумро аз ноумедӣ ба ҷониби умедворӣ таҳрик бахшиданд. Аз соҳили дилшикастагӣ ба соҳили ободӣ касб менамояд. Яъне ҳамоҳангии мардум ба тадбирҳои давлтӣӣ дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ бармалотар мешавад ва мубориза алайҳи ин зуҳурот қавитар мегардад. Маълум аст, ки давлати мо дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқовимат бо ин вабои аср қадаме фаротар аз марзҳои хеш ниҳода, мардуми ҷаҳонро ба муборизаи дастаъҷамона алайҳи терроризм даъват менамояд. Бояд дар назар дошт, ки шарти асосии ҳифзи сулҳу оромиш ба пешрафти ҷомеъа дар низоми давлати дунявӣ, волоияти Қонун, ки мо дар ин роҳ қарор дорем, таҷҷасум меёбад. Аз ин рӯ зарур аст, ки чунин раванди идоракуниро ҳифз ва ҷомеаро аз равандҳои номатлубе, чун терроризму ифротгароӣ ва тафриқаандозии гуруҳои алоҳида эмин нигоҳ дошта ба пайрави аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зеботар созем. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноњия Боймирзоева М.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-11-2023, 12:01:54 | Диданд: 69