ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9226]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6078]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5775]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4945]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4264]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4248]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4229]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4218]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3882]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 60837
Ҳарфашон дурӯғин аст

Ҳарфашон дурӯғин аст Ҳар гоҳ ки аз расонаҳои хабарии кишвар доираи амалҳои террористи чизе мешунавам пеши назарам шаҳру деҳотҳои вайрон шудаю мардуми гуруснаю бехонаю дар пайдо мегардад ва шукрона аз он менамоям, ки дар як кишвари тинҷу ором зиндагӣ дорам. Аммо намедонам, ки барои чӣ бошад, ки бархе аз душманони кишвари мо ин ҳама пешравиҳои моро дар самтҳои гуногун нодида гирифта дар ҳақи ӯ туҳматҳо беасос мезананд, ки ин барои мо тоҷикон хеле аламовар мебошад. Чанде пеш кишвари мо ҷашни 32-соли соҳибистиқлолии кишварамонро дар сатҳи баланд таҷлил намудем ва дар ин давра ба он дастоварҳое ноил гардидем, ки ба чандин даҳсолаҳо баробар аст. Аммо ҷои таассуф аст, ки қавми иғвоандоз ин ҳамаро нодида гирифта ҳамоно да боби кишвари мо бадгӯиҳо менамоянд. Ман ба ҳама мардуми шарифи тоҷик ва тоҷикистонӣ инро гуфтаниам, ки дигар фирефтаи ин суханони иғвоангезона нашудашукронаи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот намоему ободию осудагии кишвари азиз. Мардуми мо як маротиб фирефтаи суханони ин тоифа одамон шуда кишварро ба ҷанги таҳмилӣ кашидему то ҳанӯз доғ аз он дар дил дорем ва бояд дигар дар ин самт қадам дониста гузорем, зеро тоҷикон мақоли хубе доранд «Аз шир, ки сӯхтӣ дуғро пуф карда менушӣ». Мо дигар ба касею чизе эътибор надода, бо тамоми ҳастӣ баҳри оромию осудагии кишвар ва зиндагонии шоистаи мардумамон мубориза мебарем. Дар охир бо ҳама мардуми азизам онро таъкида мегӯям, ки ба суханони касе гӯш надода аз паи зиндагонни бофайзу бобараки худ бошанд ва аз забони шоир мегӯям: «Мо Ватан дорему онро посбонӣ мекунем». Ва имрӯз ҳимояи Ватан аз ҳар гунна бадгӯиҳо рисолати мо омӯзгорону аҳли зиёи кишвар мебошад Директори МТМУ №47 Раҷабов Баҳром
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-11-2023, 14:54:26 | Диданд: 183