ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8989]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5969]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5460]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4837]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4135]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4132]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4112]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4109]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3785]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2420
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 57780
Мо сипари ватанем

Мо сипари ватанем Аз ҳодисаҳои даҳшатбори амалҳои террористӣ ҳамон кишваре дар амон мемонад,ки мардумаш дорои маърифати баланди ватандори бошаду сарзамини худ , ва ватани худро сидқан дӯст дорад .Шукрона аз он дорам ,ки мардуми тоҷдорои фарҳанги баланди ватандӯстӣ мебошаду ин сарзамини худро сидқан дӯст медоранд. Ва дигар бадоми фиреби дигар душманони миллат намеафтанд , зеро мо мардуми тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта бо дасисабозиҳои гуруҳҳои ифротгаро ба ҷанги таҳмили пардохтему бо чӣ мушкилоти сиёсию иқтисодӣ дучор омадем. Мо тавонистем дар андак муддати кӯтоҳи таърих ин ҳамаро барқарор намоем вале захми дили мардум солҳо боқи мемонад. Ин ҳамаро мебинаму шукрона аз он менамоям ,ки дар як кишвари сулҳу суботаш пойдор зиндагӣ дорам. Ман бо тамоми ҳастиам ба муқобили ин гурӯҳҳо мубориза мебарам, то насли инсони дар фазои орому осуда зиндагӣ намоянд. Пешвои муаззами миллат доимо ба мо мардуми тоҷик муроҷиат карда мегӯяд, ки мо бояд ватани худро дӯст дорем ва доимо аз паи ободии он бошем. Ватани кас ҳар қадар ободу зебо бошад зиндагӣ барояш ҳамон қадар хушу гуворо мебошад. Ман ҳам чун аҳли зиёи кишвар ба тамоми мардуми шарифу сарбаланди тоҷик гуфтаниам, ки дар ин раванди муборизаи абарқудратҳо ба сухани дуруғини касе гӯш надода аз паи ободонии кишвари хеш бошанд. Мо тоҷикон азалан сулҳдусту ободкор мебошем ва саёраи заминро ба сӯи некию некикорӣ мехонем. Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем, Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем. Дар ин мисраҳо ҳақ ба ҷониби шоир аст,ки инсонро ба сӯи амалҳои нек мехонад. Мушовири шуъбаи маориф Каримов С .
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-11-2023, 14:56:18 | Диданд: 178