МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнат асло авф нахоҳад шуд.

Хиёнат асло авф нахоҳад шуд.

Хиёнат асло авф нахоҳад шуд. Сарвари давлат борҳо зикр доштаанд, ки “мусалмонӣ дар қалб аст ва дини мубини исломро сипар намудану мардумро гумроҳ кардан гуноҳи нобахшиданист”. Аммо бархе аз аъзоёни собиқ ҳизби наҳзат бахусус Муҳаммадиқбол, ки дар гузашта лаббайкгӯён ба сарварони собиқи ҳизби худ хидмат менамуданду имрӯз бо амалҳои бешарафонаи худ ба хоҷагони хориҷии худ ҳисоботеро гузориш дода, қутти лоямут меёбанд, амалест нобахшиданӣ! Ва хиёнатест, ки асло авф нахоҳад шуд! Аслан, саҳфаҳои китоби муқаддаси “Қуръон” пур аз меҳрофариниву вафокорист ва ҳаргиз хиёнату хоинӣ, таҷовузу қаллобӣ амали мусалмонӣ набуду нест! Вале агар ба рафтору фаъолияти ин нохалафон назар афканем ба ҷуз фиребу гумроҳкунӣ дигар амалеро наметавондид ва як лаҳзаи ҳузнангезе низ дорад, ки ҳамаи маводҳо бо каломи шариф, ояте аз Қуръони маҷид ифтитоҳ меёбад. Шояд ғояи гузоришҳои онҳо низ чунин бошад, ки агар бо ҳарфе аз Каломи шариф оғоз бикунӣ таъсирбахштару ба гӯши шунавандаву бинанда хубтаре бирасад… Вале кайҳост, халқи азизи кишвар ин амалҳои нопоки онҳоро сарфаҳм рафтаанду ин бозиву тирҳои нопоки хоинон ба ҳадаф нахоҳад расид! Имрўз мардуми сарбаланди тоҷик, кидарфазои орому осуда зиндагӣ доранд,барои шуниданисуханҳои беасосу дурўғи маҳзи бегонагон гўши шунидан ҳам надоранд. Бале бегонагон! Баъзан ҳатто кас ба ҳайрат ҳам меафтад, ки ана ҳамин наҳзатиҳои наҳз аз миллати тоҷик бошад? Зеро таърих гувоҳ аст, ки тоҷик дар ҳеҷ вақту замоне саркардаи низоъе набуду мағлуб ҳам накардидааст! Аммо ана ҳамин нохалафон бо тарҳи кашидаи хоҷагони худ ибтидои солҳои аввали давлатдорӣ ҷанги таҳмилиро аланга андохтаанду баъди созишу ваҳдатофаринӣ ва расидан ба Истиқлолияти комил пешравию ободкориро дида натавониста рӯй ба гумроҳкунии ҷавонони тоҷик овардаанд. Вале ҷавонони сарбаланди тоҷик ҳам ақл дар сар доранду дар тарозуи он вазъи давраи ҷангӣ, пасоҷангӣ ва имрӯзаи тоҷикро баркашида метавонанд! Акнун ҳар як фарди бонангу номус баҳри ҳимоя ва ҳифзи марзу бум, ободии кишвар, осудагии ин миллат кӯшиш ба харҷ медиҳад! Сокини ноҳияи Восеъ Ш. Маҳмадзода

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-11-2023, 21:24:55 | Диданд: 83