МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнат ба миллат бе шарафист.

Хиёнат ба миллат бе шарафист.

Хиёнат ба миллат бе шарафист. Мусаллам аст, ки дар ҳамаи давру замон барои аз байн бурдани амну осоиштагии мардум маҳз қувваҳои сеюм таъсиррасонӣ мекунанд ва нофаҳмиву иғворо бармеангезонанд. Дар робита ба ин бояд ёдовар шуд, ки солҳои 90-уми асри гузашта бо чунин шакл таъсиррасониҳо собиқ ҲНИ истифода бурд ва дар натиҷа дар Тоҷикистон ҷанги бародаркуш ба миён омад. Хоинони миллат аз тасдиқи содиршавиии ҷиноятҳояшон роҳи гурезро пеша карда, бо дастгириии хоҷагони хориҷиаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтанд. Ин бадхоҳони миллат номи ҳизбро “Паймони миллӣ” ном гузоштаанд, ки имрӯз он бо номи ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ фаъолияти ғайрирасмӣ дорад. Роҳбараш Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чун солҳои қалбӣ боз ба дари хоҷагони худ бо дасти дароз ва сари хам рӯ оварда, бо умеди дарёфти пул барои идомаи фаъолияти ғайриқонуниву зиддибашариаш гардан каҷ карда, бо ин васила худро сафед кардан кӯшиш дорад. Чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам бо раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзонанд. Бадхоҳони миллат имрузҳо бо навбат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда истодаанд. Масалан дар ҳафтаи охири моҳи ноябри соли равон, Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин ва яке аз думраваш Беҳрузи Тагойзода аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тариқи барномаҳои ифротиашон шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карданд, вале мақсади ин хоинон амалӣ нашуд, барбод рафт! Бояд ёдовар шуд, ки аз ҷониби сиёсатмадорон, сокинони фаъол ва аҳли зиёи Бадахшон дар натиҷаи саривақт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, хушбахтона пеши роҳи бетартибиву бенизомӣ дар шаҳри Хоруғ гирифта шуд ва мардум ба кору зиндагии муқаррарии худ баргаштанд. Метавон қайд кард, ки мардуми кишвар аз ношукрии Кабирӣ ва пайравонаш хуб огоҳ ҳастанд ва умуман мақсади ин хоини миллат нотинҷии кишвар аст. Хулоса Кабирию ҳаммаслаконаш, ки бо нону намак ва аз обу ҳавои ин диёр ба воя расидаст, нисбати кишвари мо суханҳои бардурӯғ ва сиёҳкунанда мезанад. Аз пушти ким кадом хоҷагони хориҷӣ истода, ба самти Тоҷикистони азиз санг мепартояд. Ин хиёнат ба Ватану миллат аст, ки ин амали нобахшиданист! Дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки раҳбару ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ хуб бидонед, ки хоину бадхоҳ ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нарасидааст ва тири нопоки шумо ҳам нишони худро хеҷ гоҳ намеёбад! Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Боймирзоева М.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-11-2023, 21:27:52 | Диданд: 125