МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

ТЕРРОРИЗМ ВА  ЭКСТРЕМИЗМ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубе мебошад, ки ҷаҳони имрӯзаро дар такопу ва баҳри норомии кишварҳои амну осоишта амалиётҳои худро равона сохтаистодааст. Вале ин амалиётҳо аз ҷониби шахсони бесаводу бефарҳанг, ки аз ҷониби хоҷагонашо ба ваъдаҳои хушку холӣ равона карда шудааст, ҳаргиз амалӣ нахоҳад гашт, зеро ҷавонону сокинони мамолик бо ҳушёриву зиракии сиёсии хеш намегузоранд, ки нохалафе бар зиди Ватану модари хеш зулму асоратро раво бинанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар инсамт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд. Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намуданд: “Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кушишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархурди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд”. Раванди номатлуб ба гурӯҳҳои номатлуби иҷтимоӣ пайвастани ҷавонон дар тамоми сайёра, аз ҷумла кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гурӯҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротиро бароҳ монда, ҳамчун вабои асрба амнияту давлати кишвар хатар эҷод мекунанд. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ башумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар мақсадҳои ғаразнок ва зидди давлатию зидди милии гурӯҳҳои террористӣ шарик мешаванд. Вале “Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад”. Итминони комил дорем, ки ҷавонони соҳиб иродаву ҳушманди мо рисолати ватандӯстии худро амиқан дарк намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами худ ҳимояи манофеи давлати ро дар солҳои ояндаи давлатдорӣ низ ҳифз хоҳанд кард. АБДУЛЛОЗОДА БОБОҶОН директории маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-12-2023, 10:16:29 | Диданд: 74