МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕА Тамоми мардум ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ва экстремизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии двалат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба изтироб омадаанд. Замони мо, ки пур аз таззод мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳост, доир ба ба афзудан ва паҳн шудани экстремизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – ифротгароӣ созмонҳои террористӣ барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Тибқимаълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон бешаз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифродгаро созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи террористӣ ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад, ки ин бесабаб нест ин амал аз ҷониби шахсони камсаводу манфиятҷӯ рух медиҳад. Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем терроризм дар минтақаҳои алоҳида ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳнкарда истодааст. Террор ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсад, маром ва ниятҳои хатарноку нопок, тамаъҷӯӣ, манфиятҳои хеш зуҳурот ё падидаи ниҳоят хатарнок, даҳшатовар барои ҷомеа, давлат ва амнияти мардум мебошад. Танҳо мақсаду маром, сабаб ва амалу фаъолияти худро сарварони созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ҳаргуна эълон мекунанд. Аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шиори “Бародарони мусалмон” ва расмҳои ҷолиби диққат худро муариффи месозанд. Вале паси ин пардаи номи нек амалҳоеро ба сомон мерасонанд, ки ба хислати инсонӣ марбут нест. Шахсиятҳое, ки аз ин сомонаҳо истифода мебарад ба расми диқат ҷалбкунанда ва суханони ин бадхоҳон фирефта шуда худро ғуломи онҳо месозад. Вале нафаҳмида мемонад, ки ҳеҷ даромаде муфт бадаст намеояд. Баҳри дар ин гурӯҳҳо аъзо кардани ҷавонон бо суханҳои пур аз найрангу фиреб ашхоси камсаводу бефарҳангро бадоми хеш мекашанд ва аз ин гуна нафарон дар дохили оила, маҳала ва кишвари хеш ҳамчун нохалаф ва террорист омода месозанд. Чун бузурге фармуда аст: Миллате, ки нест бо ҳам муттаҳид, Бори зулми дигарон хоҳад кашид. Мо аҳли зиё ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон амну осоиштагии кишвари хешро пос дорему бар зидди ин зуҳуроти номатлуб яъне терроризму экстермизм ва шахсони ба ин амал дастдошта муборизаи беамон барем. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Маҳмадзода Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-12-2023, 10:17:27 | Диданд: 77