Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8905]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5914]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5320]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4750]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4078]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4071]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4061]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4057]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3740]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Э Ъ Л О Н
2. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
3. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
4. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
5. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
6. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
8. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2418
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 56410
ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ
ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ Ифротгароӣ ва терроризм амали ноҷавонмардонае мебошад, ки инсон баҳри аз байнбурдани давлату миллат ва хусусан инсоният талош меварзад. Зеро аз рӯйи қоидаҳои инсонӣ ва ҳуқуқи ин амалҳо нобахшиданист. Бояд тазаккур дод, ки баҳри аз байн бурдани ҷони касе ё ғасб намудани моликияти ашхоси алоҳида ин амали ноҷавонмардонаест, ки инсони комил ба ин кирдор қодир нест. Худ қазоваткунед, фарзандеро ятимсохтан, хонаеро вайрон намудан меҳнати дигаронро қадр накардан магар хислати инсонист. Қабул ва татбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз ҷумла соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” қабул карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм” аз соли 2006 тасдиқ карда шудааст, ки интадбирҳои пешгирӣ ҷиҳати ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм бо назардошти вазъи тағирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар мусоидат хоҳанд кард. Зери назари насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтирокорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомӯзии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарӯзаро тақозо менамояд. Сиёсати муваффақи Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро ба зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбиякарда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидояткунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро бигирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем. АБДУЛЛОЗОДА БОБОҶОН директории маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-12-2023, 10:18:06 | Диданд: 143