МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗАИ ЯКҶОЯ БОЯД БУРД!

БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗАИ  ЯКҶОЯ БОЯД БУРД!

БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗАИ ЯКҶОЯ БОЯД БУРД! Тайи чанд соли охир аст, ки на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақаи сайёраро хатари терроризму экстремизм таҳдид мекунад. Бояд қайд намуд, ки гуруҳҳои террористӣ мехоҳанд руз то руз аъзои худро васеъ намоянд. Онҳо мехоҳанд бо найрангу фиреб ва дасисабозиҳои худ аҳолӣ аз ҷумла қишри ҳасоси ҷомеа-ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ шомил созанд ва ба ин восита ҷавононро аз роҳи ватандустиву некбинӣ берун сохта, онҳоро алайҳи миллату давлати худ шуронда ҷанг андозанд. Яъне ҷавонон ба чунин гуруҳҳо аъзо шуда, душмани миллату Ватан ва давлати хеш мегарданд. Бо таъсири мағзшуиҳо ва пур кардани майнаи онҳо бо нафрати бардуруғ ҳатто баъзан барои қатли бародару хоҳари худ розӣ мешаванд. Бояд ёдовар шуд, ки ин ҳама аз ноогоҳиву дур будани ҷавонон аз фарҳанги қадима ва таърихи гузаштаи миллати худ мебошад. Яке аз роҳҳои маъмули ҷалб кардани шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротӣ ин шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Бадхоҳони миллат хориҷ аз кишвар барномаҳои сафсатаву ифротгарои худро бо паҳн кардани хабарҳои бардуруғ ва бо ин восита дар дили миллат андохтани оташи кинаву адоват ва бадбин кардани онҳо нисбат ба давлат кардани роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ таҳия ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр месозанд. Ин гуруҳи бадхоҳ, ки фармонбардори хоҷагони хориҷии хеш ба хотири пули ночиз гаштаанд тариқи барномаҳои худ мардумро ба ҷангу хунрезӣ даъват мекунанд. Дар ҳоле, ки миллати тоҷик дар гузашта аз дасисабозиҳои душманони миллат зарбаи маҳкаме хурдааст ва то ҳол захми он ҷанги бародаркуш аз синаҳои баъзе модарон ва падарони рузгордида дур нашудааст. Пас метавон хулоса кард, ки аз сафсатаҳои ин гуруҳи баднияту бадхоҳу дилсиёҳ ҷуз осори ҷангу хун манфиати дигаре нест. Бояд мо ҷавонон фарҳангу таърихи қадимаи худро омухта Ватану миллати хешро бо зиракии амиқи сиёсӣ бар ивази ҷони худ ҳифз карда тавонем. Истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоиро бояд ба таври дуруст ва манфиатнок омузем ва нагузорем, ки ҳеҷ бадхоҳу бадандеше ба мақсади нопоки худ расад. Барои нест кардани чунин бадхоҳон ва аз байн бурдани терроризму экстремизм муборизаи дастаҷмъии ҳатмӣ лозим аст! Дар ин замина Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши назарраси худро дошта, масъулин пайваста бо ҷавонон вохуриҳо баргузор намуда, онҳоро аз сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ месозанд. Баҳри ҷалби ҷавонон ба илму фарҳанг ва корҳои ҷамъиятию созандагӣ пайваста чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ, маҳфилҳои илмию адабӣ бо ташаббуси ҲХДТ гузаронида мешавад. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шодибеги Иди

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-12-2023, 16:48:51 | Диданд: 133