МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҲНИ-ташкилоти хиёнаткору хавфнок

ҲНИ-ташкилоти хиёнаткору хавфнок

ҲНИ-ташкилоти хиёнаткору хавфнок Ба ҳамагон маълум, аст, ки ҲНИ яке аз ташкилотҳои хавфнок ба ҳисоб меравад ва мақсадҳои нопоки худро миёни сокинон махсусан ҷавонон мехоҳанд амалӣ намоянд. Вақте мешунавем, ки як қисм ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони ҳудро дар кишварҳои бегона, баҳри манфиатҳои дунёхоҳон беҳуда қурбон месозанд, хеле ғамгин мешавем. Кас ҳайрон мешавад, ки ба ин гуна ҷавонон чи намерасад? Охир дар кишварамон барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Имрўзҳо фаъолияти ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар кишварҳои ғарбӣ худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, бо фиребу найранг аз ин кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ садҳо ҳазор доллар кўмак мегиранд, ин ҳақиқат собит месозад, ки баъзе аз кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ огоҳона ё ноогоҳона терроризм ва экстремизмро маблағгузорӣ мекунанд. Агар пеши роҳи ин ташкилоти террористӣ ва хоҷагони хориҷиашон гирифта нашавад боз бадбахтиҳои зиёдеро бар сари ҷавонони гумроҳу фиребхўрда ва миллати тоҷик меорад. Мутаассифона дар ҷаҳон ҳар таркишу куштореро, ки террористон анҷом медиҳанд ва ҳар кори зиддибашариро, ки тарҳрезӣ мекунанд, ба номи ислом рабт медиҳанд. Душманони ислом бо ин рафторашон меҳоҳанд номи поки исломро доғдор кунанд, амммо чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён карданд: «Ислом дини мукаддас аст. Ҳадафу максадаш сулҳу осоиштагӣ ва аҳлоқи ҳамида мебошад. Террорист дин, ватан, модар надошта барои ў мукаддасоте вуҷуд надорад». Пас ҳар як ҷавони ватандӯст, меҳанпараст, худогоҳу худшиносро зарур аст, ки дар бораи зишту ногувор будани терроризм ва экстремизм бештар донанд ва аз зебоиҳои дину оини мазҳаби суннатии ҳеш огаҳии комил дошта бошанд. Мо ба ин гуна ҷавонон ва умуман насли даврони истиқлол муроҷиат намуда, ҳоҳиш дорем, ки фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои осмонии намояндагони гуруҳҳои ифротӣ нашаванд. Умри ҷавони ҳудро бармаҳал ҳазон насозанд.Доимо дар пайи омӯхтани илму ҳунар бикӯшанд. Чун насли ояндасозу шоистаи кишвари азизамон Тоҷикистон дар пешрафту гулгулшукуфоии диёри ҳеш саҳмгузор бошанд ва нагузоранд, ки ягон нохалафе номи ин кишвари маҳбубро доғдор намояд. Раиси КИ ҲХДТ дар н. Восеъ Сафар Ҳ.Р.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-12-2023, 16:55:49 | Диданд: 67