МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем  мо

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо Аз расонаҳои хабарии кишвар ва берун аз он воқифем, ки дар ҷаҳони муосир бо дастгтирии баъзе аз абадқудратҳо доираи фаъолияти гурӯҳҳои террористию ифротгаро торафт фаъол шуда истодааст, ин оромии кишварҳои ҷаҳонро зери хатар мегузорад. Тоҷикистони азизи мо дар ҳамсояги бо кишваре қарор дорад,ки ҳар рӯз дар он ягон ҳодисаи нохуш бо дасти террористон рух медиҳад ва мо бошандагони Тоҷикистони азиз аз шоду хурсандем ,ки дар як кишвари амну осоишаш таъмин зиндагӣ дорем. Ман ҳамчун аҳли зиё ба мардуми шарифи Тоҷикистон гуфтаниам, ки аз ин муборизаҳои террористӣ кишвари мо низ дар канор нест ва дар саҳифаҳои интернет мехонем, ки душманони миллати мо дар бораи ин кишвари биҳиштосо бадгӯиҳои беасос менамоянд ва мо инро дар бадгӯиҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ҳаммаслакони ӯ мебинем,ки гуфтаҳои онҳо ҳеҷ гуна асоси воқеӣ надорад. Ман ба хонандагони азиз гуфтаниам, ки ин тоифа одамон аз миллату аз ватани худ ру гардонида барои дарёфти маблағ ба хизмати хоҷагони хориҷии худ камар бастаанду халос. Мо мардуми шарифи тоҷик як маротиб бо дасти ин гурӯҳ гирифтори ҳодисаҳои нохуш дар солҳои 90-уми асри гузашта гардида будему то ҳануз аз он рӯзҳои мудҳиш доғ дар дил дорем, акнун бехато медонем,ки дӯст кӣ будаасту душман кӣ? Ман ҳамчун аҳли зиё ба ҳама мардуми азизам гуфтаниам, ки дигар ба гуфтори касе гӯш надода, дар ин замони пур аз моҷароҳои сиёсӣ дар атрофии Пешвои муаззами миллат мутаҳид гардида , барои ободонии кишвар саҳми хешро бигузорем, зеро Ватан ҳар қадар ободу фазояш ором бошад, зиндагии сокинонаш ҳамон қадар босаодат мегардад. Ҳоло Тоҷикистони мо яке аз кишварҳои амтарини ҷаҳон ба ҳисоб мераваду дар он саҳми Пешвои муаззами миллат басо калон ва назаррас мбошад. Ва имрӯз рисолати ҳар яки мо аз он иборат мебошад, ки ин оромиию суботи кишварро бо тамоми ҳастии хеш ҳифз намоем Кормани шуъбаи маорифи ноҳия Шарифов Ф.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-12-2023, 09:20:40 | Диданд: 60