МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

НАҲЗАТИ ГУМРОҲ ДИГАР НАМЕДОНАД ЧӢ КОР КУНАД

НАҲЗАТИ ГУМРОҲ ДИГАР НАМЕДОНАД ЧӢ КОР КУНАД

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва бар хонадону ёрони ӯ бод.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бисёр кишварҳои олам тавассути роҳандозии барномаҳои мушаххас ба пешрафту тараққӣ ноил шудаанд ва фарҳангу маданияти худро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардаанд. Кишвари азизамон Тоҷикистон низ тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол рушду тараққӣ карда, дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намуда истодааст ва имрӯз Тоҷикистон яке аз давлатҳои орому осуда ба ҳисоб меравад. Эълон шудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» низ яке аз барномаҳои созандае ба шумор меравад, ки барои пешрафту тараққӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи кишвар нигаронида шудааст. Аммо мутаассифона, ҳанӯз ҳам касоне ёфт мешаванд, ки тараққӣ ва шукуфоии кишвари азизамонро дидан наметавонанд ва мехоҳанд сулҳу суботи ҷомеаро халалдор намоянд.

Чи тавре ки аз тариқи расонаҳои хабарӣ ва шарҳи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, 29-уми июли соли равон як гурӯҳи ҷинояткор ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуданд, ки амали разилонаи онҳо чандин тан куштаву захмаӣ барҷо гузошт. Табиист, ки мо-мардуми мусулмони Тоҷикистон амали ноҷавонмардонаи ин тоифаи бехираду бадкирдорро шадидан маҳкум менамоем. Чунки аз нигоҳи дини мубини ислом куштани як нафари бегуноҳ бадтарин гуноҳ аст. Рафтори ин гуна нафарони хоин ва бехирад, ки ба инсонҳои бегуноҳ заррае раҳму шафқат намекунанд, ба таълимоти поки ислом комилан дар тазод аст. Чунки Худованд рехтани хуни инсонро ҳаром намуда, чунин фармудааст:

«Ба сабаби ин ҳодиса бар Банӣ Исроил ҳукм кардем, ки ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад. Ва ба дурустӣ ки пайғамбарони Мо бо нишонаҳои равшан ба онҳо омаданд; боз ҳам бисёре аз онҳо баъд аз ин дар замин таҷовузкунандагонанд. (44.Сураи Моида, ояти 32).

Ин меҳмонони хориҷӣ, ки барои саёҳат ва ошноӣ бо фарҳангу маданияти кишварамон омада буданд, чӣ гуноҳ доштанд?

Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ, ки ба ин амали разилона ва зиддиинсонӣ даст задааст, ба дину Ватан хиёнат карда мехоҳад, ки ин суботу амниятро халалдор созанд. Тибқи иттилои ниҳодҳои дахдори кишвар дастандаркорони ин ҷиноят аъзои Ҳизби экстремистию террористии наҳзати ислом буда, дар хориҷ таълими идеологӣ ва ҳарбӣ-диверсионӣ гирифтаанд, ки ин амали ваҳшиёнаи онҳо боз як бори дигар исбот кард, ки ин ҳизби террористӣ аз ниятҳои шуми худ ҳаргиз даст кашиданӣ нест ва сулҳу суботи кишвари азизамонро дидан намехоҳад.

Ҳизби экстремистӣ ва террористии хиёнаткори наҳзат бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар ин айём намедонанд, ки чӣ кор кунанд. Кабирии хоин гоҳо мехоҳад эътилофе ташкил кунанд, вале чун муяссараш нашуд, дар васоити ахбори омма бемории набераи чорсолаашро ба миён гузошта, фарёди маккорона бардошт, то ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кунад. Ахиран дид, ки Тоҷикистон ободу зебо шуда ва меҳмонону сайёҳон рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд, барои паст кардани обрӯи Тоҷикистон ба кори пасттарин даст зада, бо роҳи хиёнат ба дасти ҳаммаслаконаш сайёҳони хориҷиро ба қатл расонд.

Хушбахтона бо саъйу кӯшиш ва талошҳои ҷонфидоёнаи ниҳодҳои қудратии кишвар парда аз рӯи нақшаи шуми ифротгароёну террористони ТЭТ ҲНИ бардошта шуда, қотилон сари вақт дастгиру безарар гардонида шуданд.

Итминони комил дорем, ки ҳеҷ як хоин ва бадхоҳе наметавонад бо чунин амалҳои пасту разилонаи худ нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонад. Чунки ҳамагон медонанд, ки кишвари Тоҷикистон макони амну субот буда, шароити мусоид барои сайёҳӣ комилан муҳайё аст ва тавре ки аз суҳбатҳои телевизионии сайёҳони хориҷӣ маълум гардид, ин фоҷиа монеи сафари дигар сайёҳон ба Тоҷикистон нахоҳад шуд.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/960 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-08-2018, 08:06:09 | Диданд: 753