МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳамдил бошем

Ҳамдил  бошем

Ҳамдил бошем Борҳо ба воситаи оинаи нилгуни кишвар доири амалҳои даҳшатбори гурӯҳҳои ифротгаро намоишҳою филмҳои ҳуҷҷатӣ тамошо намудаам ва ҳар маротиб маро аз кирдори ин гурӯҳ даҳшат фаро мегирифт ва бар хеш суол мекардам, ки наход инсоният то ин андоза разилу бераҳм бошад? Ва чун дар ин боб нек меандешам ба он нукта мерасам, ки ин кирдори разилона боз пасманзари худро дораду аз ҷониби хоҷагони онҳо маблағгузорӣ карда мешавад. Бо дасти ин гурӯҳҳо ҳоло як қатор кишварҳои олам чун Ироқу Шом, Фаластину Афғонистон майдони ҷангҳои бемаъние қарор гирифтаасту мардумаш дар ҳолати бади иқтисодию иҷтимоӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Дар ин боб мо мардуми тоҷик хеле баланд толеъ мебошем, ки дар кишвари амну осоишта зиндагони дорем. Дар ин замон рисолати мо тоҷикон он аст,ки ватани худро дуст дорему доимо дар паи таъмини амнияти он бошем. Пешвои муаззами миллат доимо таъкидан мегӯяд, ки мо дар замони пур аз тазоду муборизаҳои сиёсӣ зиндагӣ дорем ва боя гуфт, ки дар ин мубориза ҳамон қавму миллате дастболо мегард, ки дорои маърифати баланди ватандорӣ бошанд. Мо тоҷикон дар ин боб нектолъ мебошему дар ҳама ҳолат дар атрофи Пешвои муаззам гирд омада баҳри ободонию шукуфонии ватани азизамон монда нашуда, меҳнат менамоем. Директории интернати хонандагони болаёқат Б. Рафиев

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-12-2023, 09:21:53 | Диданд: 69