ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10296]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6277]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6051]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5153]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4483]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4442]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4439]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4432]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4059]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 69994
Терроризм-хатар ба тамаддуни башар

Терроризм-хатар ба тамаддуни башар Пешвои миллат зимни баромадҳояшон, аз ҷумла дар Паёми хеш таъкид менамоянд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлата мо расидааст. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайрисломӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад. Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилиҳои аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, амалҳои он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як хавфе ба ҷомеаи оламиён ва ҷони ҳар як сокини рӯи замин аст. Ин падидаи фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Бинобар ин ҳар як узви комилҳуқуқи ҷомеаро зарур аст, ки аз хатарҳои ин зуҳуроти номатлуб худдорӣ намуда, дар пайравӣ аз сиёсати сулҳхохона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар пайи ободкорӣ, бунёдкорӣ ва шукуфоии кишвари азизамон бошем. Ва алайҳи ин гуна зуҳурот мубориза бурда, дар пойдории сулҳу осоиштагии кишвари азизамон камари ҳиммат бубандем. Аъзои фаъоли ҲХДТ Г. Мирзоева
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-12-2023, 15:23:17 | Диданд: 190