МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

САБАБҲОИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМ

САБАБҲОИ   ПАЙДОИШИ  ТЕРРОРИЗМ

САБАБҲОИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМ Терроризм аз забони лотинӣ (terror-даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали ибрат аз таҳдит, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида , гуруҳи одамон, ҷомеа, ҳокимияти давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ иқтисодӣ , идеологӣ, геополетикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: “Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсири барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебшад”. Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо мебошад, экстермизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстермизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш –таҳдид ё истифодаи зуроварӣ , расонидани зарари вазнин , бенизомӣ, тағйири сохти конститутсиёнӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳақиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст. Аз ҳама ташвишовараш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстермистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонад. Аҳли ҷомеаро зарур аст,ки баҳри аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб сарҷамъона мубориза бурда, нагузорем , ки ин ватани амну осоишта таҳти таъсири нохалафон қарор гирад. АБДУЛЛОЗОДА БОБОҶОН : директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-12-2023, 15:24:03 | Диданд: 102