МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶОМЕАИ  ИМРӮЗА

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА Терроризм ва экстремизм дар ҷомеаи имрӯза ҳамчун як зуҳуроти номатлубе мебошад, ки истифода аз заифии инсонҳои камсаводу бетаҷриба решаҳои худро мустаҳкам менамояд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ алалхусус кишвари мо, ки аз ҳисоби даҳгонаи давлатҳои амнтарин дар байни ҷаҳониён муарифи гардидааст, ин зуҳуротро тадриҷан решакан ва нест месозад. Мардуми шарафманди тоҷик басуханҳои ин бадкирдорон бовар накарда намегузоранд, ки бори дигар мамлакати биҳиштосои мо дучори фалокатҳои ногувор гардад. Дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳимаст. Ҳамзамон баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст. Сиёсати муваффақи Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро барзидди инзуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар боари Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дӯстдоштани Ватан, эҳтиромбаарзишҳоимиллиюдавлатӣ, ҳимояи марзубуми ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарордода, боифодаи нақши зан ва модарибосавод дар тарбияи наслихудогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд. Имрӯз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро баҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои пастгардидани ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Мо шаҳрвандон ва зиёиёни кишварро зарураст, ки доир ба бадкирдории ин нохалафон тавассути оинаи нилгун саҳнаву филмҳо ва навиштани мақолаҳоро дар рӯзномаву маҷҷалаҳои даври рӯйи кор оварем тонасли наврас ва тамоми мардуми дохил ва хориҷи кишвар аз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо бо хабар гарданд. Ҳангоми ба боварии мардум надаромадани ин гуна палидон худ бар худ низоъ барпо намуда аз байн мераванд. Таърих ва замон собит ва муайян месозад, ки ин гурӯҳи нохалафон бо чӣ шармандагӣ зиндагони хоҳанд кард. Зеро ҳар амалӣ бадро сазои бад интизор аст. Сокини ноҳияи Восеъ Маҳмадзода Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-01-2024, 17:00:32 | Диданд: 72