МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ОИД БА ПЕШГИРИИ ФИРЕФТАШАВӢ ВА ШОМИЛ ГАШТАНИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

ОИД БА ПЕШГИРИИ ФИРЕФТАШАВӢ ВА ШОМИЛ ГАШТАНИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

ОИД БА ПЕШГИРИИ ФИРЕФТАШАВӢ ВА ШОМИЛ ГАШТАНИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ Оид ба пешгирии фирефташавӣ ва шомил гаштани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва моҷароҷӯй ба андешаи мо бояд чунин чораву тадбирҳо андешида шаванд: дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣ аз ҷониби мутахассисон, коршиносон маълумотнома, мақолаҳо омода карда шаванд, то ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумоти мушаххас ва кофӣ дошта бошанд; дар ин маводҳои тарғиботӣ оид ба омилҳо, заминаҳо ва мақсади таъсис намудани ин ҳизбу ҳаракатҳо, замон ва макони пайдоиши онҳо, ҳадафу мақсадҳои нопоки ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумот пешниҳод карда шавад; чи зи аз ҳама муҳим–таҳлили барнома, оиннома, марому мақсади ин ҳизбу ҳаракатҳо, онҳо чи мехоҳанд, ҷомеаро ба куҷо бурдан мехоҳанд, заминаи иҷтимоии ин ҳизбу ҳаракатҳо кист, дар байни кадом қишри ҷомеа ҷониб дорони худро доранд, ба кӣ такя мекунанд, бояд муайян карда шавад; ошкор сохтани мақсади аслии онҳо, роҳу услуби корбариашон ва читавр ҷавононро ба ҷониби худ ҷалб сохтанашон ҷанбаи хеле муҳимаст; муайян намудани хатари кору фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ барои ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон, фаъолияти ифротӣ, тақриб корӣ, моҷароҷӯӣ ва ҷудои андозии онҳо бояд бо далелу рақамҳои мушаххас собит карда шавад; таҳлили появу заминаи пайдоиши ин ҳизбу ҳаракатҳо, онҳоро кадом қувваҳо, дар кадом кишварҳо ҷонибдорӣ менамоянд, таъминоти молиявӣ, тарғиботӣ (таъмин бо адабиёт) ва ғоявии онҳоро ошкор сохтан низ чизи муҳим аст; таҳлили мавқеъ, мақсад ва мароми баъзе кишварҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар зери шиори дӯстӣ ва ҳамкорӣ ғояҳои бегона ва зарароварро низ роҳандозӣ менамоянд; аз имкониятҳои воситаҳои ахбори умум, радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо бештар истифода бурдан лозим аст; Имрӯз мубориза барзидди ҷинояткорӣ ва шомил шавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротӣ вазифаи дастаҷамъонаи тамоми шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд. Доир ба бартараф намудани камбудиву нуқсонҳое, ки аз ҷониби ҷавонон ва шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ рух медиҳад дар расонаҳо бознашр карда шавад, ки баҳри дигарон дарси ибрат гардад. АБДУЛЛОЗОДА БОБОҶОН : Директори маркази технология иинформатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-01-2024, 17:02:10 | Диданд: 69