МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоини ин бешарафист

Хоини ин бешарафист

Хоини ин бешарафист М.Кабирӣ боз ҳам ба девори давлати Тоҷикистон санги маломат мезанад. Ин дафъа ӯ Тоҷикистонро ба он гунаҳкор месозад, ки гӯё «террористони тоҷикистонӣ ки дар кишварҳои Эрону Афғонистон амал мекунанд, маҳз зодаи сиёсати давлати Тоҷикистон ҳастанд». Ин гуфтаҳо ҳеҷ пояи ҳақиқат надоранд. Зеро сиёсати давлатдории кишвари мо куллан зидди ҳама гуна ақидаву амалҳои ифротгароӣ буда, дар дохили мамлакат бо неруи низомию қудратии худ қодиранд, ки хурдтарин амали ифротгароиро ошкор ва ба онҳо чораҳои қатъии қонунӣ бинанд. Борҳо аз марказҳои иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикисто ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора гузоришҳо пахш мешаванд, ки ҳамагуна ҷиноятҳои моҳияти ифротию террористӣ дошта, пешгирӣ ва тавассути амалиётҳои оперативӣ ҷинояткорон безарар гардонида мешаванд. Таъкидҳои ҳамешагии Сарвари давлати тоҷикон дар ҳар суханрониҳояшон дар боби тарбияи ватандӯстии ҷавонон, дӯстдории Ватан ва ҳушёрию зиракиро аз даст надодан ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа исботи ин гуфтаҳост. Ба изҳороти Кабирӣ унвонии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳеҷ шахси соҳибақл бовар намекунад. Амали Кабирӣ мақоли «дузд соҳиби молро бастааст» - гуфтаи мардумро ба ёд меорад. Ҳам ифротгарону террористонро Ҳизби наҳзат тарбия карда, барои амалисозии мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, ва ҳам нашармида боз доғи ифлоси худро ба домани дигарон мечаспонанд. Аз ин рӯ ҳар касе ба арки давлатдории миллӣ санг мезанад, фаромӯш накунад, ки «зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад». Гӯфтаҳои Кабирӣ мисли ҳамеша бе появу ба ҷуз фитна ангези чизи дигаре нест. Пуфест, ки ҳамон лаҳзаи аз даҳон бурун шуданаш, ҷо ба ҷо нест хоҳад шуд. Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ Р. Шарипов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-01-2024, 16:44:01 | Диданд: 58