МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Муњиддин Кабирӣ – хоини миллату давлат.

Муњиддин Кабирӣ – хоини миллату давлат.

Муњиддин Кабирӣ – хоини миллату давлат. Гуруҳҳои фардие ки, хориҷи аз кишвар зиндаги доранд яъне М.Кабири ва дигар думравони онҳо корашон тафриқаандозӣ ҳасту, халос боз ба бадгўиҳо оғоз намуданд ва суханони пучу бемаъни мегуянд, аммо мардуми мо миёни ин ҳама назоратгариҳои сиёсӣ аниқан дарк намуд, ки «Кӣ дустори ватан ҳасту ки не» дигар фирефтаи ҳеч гунае таблиғоти дуруғин намешаванд. Онҳо имрзӯҳо аз пайи ободии кишвар мебошанду ободонии он. Дигар ба мо на Кабири таъсир расонида метавонаду на дигар думравонашон. Муҳиддин Кабирї бо хабар ва гузоришҳои фитнаангез ҳамеша алайҳи ватани худ баромад намуда, давлат ва миллати худро таҳқир мекунад ва барои ин корашон аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон дастгирӣ меёбад. Айни замон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамаслакону балегуёнаш, ки бо корбурди тамоми маҳорати тӯли солҳо аз сарпарастони хориҷи омӯхтаву андӯхтааш талош дорад, ки ба ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо сайъ карда, роҳи раҳҳоии кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад. Аммо мақсади аслиашон аз роҳандозии ин пружа онаст, ки бо фазосозӣ дар дохили кишвар ва бо ҷалби таваҷҷуҳу кумаки нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ дигарбора дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур пайдо кунанд ва Тоҷикистон ободу усударо ноором созанд. Чуноне, ки таи чанд рӯзи охир дар сомонаҳои иҷтимо ба чашм мерасад, ин хони миллати тоҷик боз ба гуфтани суханони пучу бемаънои худ оғоз кардааст. Ин дафъа М. Кабирӣ сиёсати Тоҷикистонро танқид намуа, ҷавонони сарбаланди тоҷикро дар Созмонҳои байналмиллаи ҳамчун ашхоси террорист эълон кардааст, ҳоло он, ки худи ӯ яке аз нафароне ҳаст, ки ҷавононро ба терроризму экстремизм ва ифротгарои даъват мекунад ва аллакай мардуми шарифи тоҷик аз ақидаҳои фитнаангези ин ватанфуруш огаҳи доранд. Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки тамоми кушишҳои худро ба харҷ дода таъриху фарҳанги халқу миллати худро донем ва фарзандонамонро барои донистани таъриху фарҳанги худ равона созем. Зеро таърих гувост, ки баъд аз хиёнаткориҳои чунин бадхоҳони миллат ба монанди М.Кабирӣ ва дигар ҳамаслакони ин хоинони бадбахт халқу миллати тоҷик боз ба азобу машақат гирифтор мешаваду халос. Ман ҳамчун як фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ба чунин нафароне, ки ба ватани ободи худ хиёнат мекунанд, ободии кишварро, пешравии Ватани азизи худро дида наметавонанд, нафрат дорам. Намехоҳам, ки ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз аз нав такрор гарданд. Намехоҳам, ки ашки ғам аз чашмони модарон резад, фарзандон ятим гарданд. Лаънат ба хоинони Ватан. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Ш. Маҳмадзода

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-01-2024, 16:47:14 | Диданд: 74