Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8680]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3936]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 53706
ИЗҲОРОТИ ХОДИМОНИ ДИНИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОБИТА БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ БА САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Ҳодисаи нангини ҳамлаи як гурўҳи мусаллаҳи ҷинояткорон ба сайёҳони хориҷӣ, қатли бераҳмони 4 нафар ва захмдор гардидани 3 нафари онҳо бар асари ҳуҷуми ин ашхоси бадкирдор дар санаи 29-уми июли соли равон дар ноҳияи Данғара нигаронӣ ва вокуниши амиқи кулли ҷомеаи Тоҷикистонро ба бор овард. Мо-ходимони дини Тоҷикистон тасаллият ва ҳамдардии амиқи худро ба наздикону пайвандони сайёҳони ҳалокгардида баён медорем.
Ходимони дини Тоҷикистон бо дарназардошти шарҳи расмии мақомоти дахлдори кишвар, ки сарриштаи ин ҷинояти мудҳишро таъҷилан бозкушоӣ намуданд, ҳама саркардагон ва иҷрочиёни ин ҷиноятро шадидан маҳкум менамоянд.
Чунонки аз пурсиши дастгиршуда Ҳусейн Абдусамадов муайян шудааст, ў роҳбари ин гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ буда, дар шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифтааст ва бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистӣ - террористии наҳзати ислом шомил гардидааст.
Аз ин далелҳои ошкоршуда бармеояд, ки ҷинояти мазкур кори дасти як гурўҳи хурд набуда, нақшаи махсус тарҳрезишудаи ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мебошад.
Ҳизбе, ки соли 1992 хуни садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро рехта, қасдан шахсони барўманди миллатро нобуд карда буд. Ҳизбе, ки соли 2015 бори дигар кўшиши табаддулоти давлатӣ намуд, акнун амалеро содир кард, ки ҳадафи душманонааш дар сатҳи ҷаҳон ба обрўи Тоҷикистон зарба задан мебошад.
Айни ҳол роҳбарону пайравони ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом бо ҳар баҳонае мехоҳанд масъулияти ин амали мудҳишро ба зиммаи гурӯҳ ё ашхоси дигаре вогузор кунанд.
Мо итминони комил дорем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъиятро дуруст баҳо хоҳанд дод ва қилро аз хамир ҷудо хоҳанд кард.
Дар содир шудани чунин амали террористӣ масъулияти падару модарон ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ кам нест, зеро аз бемасъулиятӣ, бетарафӣ ва бепарвоии мо, ҷавонони тоҷик ба ташвиқоти бадхоҳон бовар карда, бо фармоиши саркардагони ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом ба чунин амали гўшношунид даст заданд.
Аз ин рў, моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарзандонро дар рўҳияи ватандўстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намоем, то ин ки дар оянда такрори чунин амалҳои нангин пешгирӣ шавад ва душман дигар натавонад сулҳу субот, оромиву амнияти ватани азизамонро халалдор созад.
Танҳо ваҳдату ягонагӣ, иттиҳоду сарҷамъии миллат омили пешрафту тараққиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ходимони дини Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/957
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-08-2018, 08:08:54 | Диданд: 639